Дар шаҳри Искандарияи Миср бар асари бархӯрди ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” ва кормандони полис дасти кам ду нафар ба ҳалокат расиданд. Вазорати умури дохилии кишвар хабар дод, ки бенизомиҳо дар ин шаҳр шоми чаҳоршанбе шурӯъ шуданд.
Аз ин пеш полис алайҳи мӯътаризон дар канори бинои вазорати дифоъ дар шаҳри Қоҳира аз гази ашковар ва обпошҳо истифода бурд. Эътирозгарон яке аз шоҳроҳҳоро баста, алайҳи полис ва артиш шиор меандохтанд.
Рӯзи душанбе ИМА аз тасмими ҳукумати Миср дар мавриди созмони террористӣ эълон кардани ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” ва идомаи боздошту ҳабси ҷонибдорони раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Авзоъ дар Миср баъд аз барканории Мурсӣ аз сӯи низомиён дар моҳи июл ноором шуд. То имрӯз бар асари бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифини раҳбари пешини кишвар садҳо нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳо каси дигар боздошт ё зиндонӣ шуданд.