Сабабҳои фурӯ рехтани як бахши сақф ва балкони театри “Апполо”-и Лондон тафтиш мешавад, Дар ин бора намояндаи ширкати Nimax Theatres,ки ба он дар маҷмӯъ шаш театр дар Вест-Энд тааллуқ дорад, ба хабаргузориҳо иттилоъ дод.
Фурӯрезии сақфу балкон шоми панҷшанбе дар ҳоле рӯй дод, ки беш аз 700 нафар нафар намоишномаи “Куштори мармӯзи шабонаи саг”-ро тамошо мекарданд. Бар пояи иттилои ахир, дар ин ҳодиса дасти кам 76 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Табибон, вазъи ҳафт нафарро сангин арзёбӣ мекунанд.
Шоҳидон мегӯянд, ки чанд лаҳза пеш аз ҳодиса садои баландеро шуниданд, аммо гумон карданд, ки ин як бахши ороишии садоии намоишнома аст.
Бинои театри “Апполо” 112 сол пеш бунёд шудааст.