Нелсон Мандела, раиси ҷумҳури пешини Африқои ҷанубӣ, рӯзи якшанбе дар зодгоҳаш деҳаи Кунуи вилояти Кейпи Шарқӣ, макони охират пайдо кард. Маросими дафн аз рӯи анъанаҳои мардуми коса сурат гирифт. Дар маросими қабл аз дафн тақрибан 5 ҳазор нафар, аз ҷумла, шоҳзодаи Уэлс Чарлз, шоҳи Монако Алберти 2, сафирони ИМА, Русия, Бритониё ва дигар кишварҳо ширкат доштанд.
Аммо архиепископи собиқи калисои англикании Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Десмонд Туту дар маросими дафни дӯсту ҳампаймонаш дар мубориза бо нажодпарастӣ ширкат надошт, зеро даъватномаи расмиро дарёфт накард. Ба иттилои намояндаи ҳукумат, воқеъан ба Туту даъватнома фиристода нашудааст, аммо ӯ, агар хоҳиш дошта бошад, метавонад барои ширкат маросими дафни давлатии Мандела аз сабти номи расмӣ дар маросими ёдбуд дар Йоханессбург истифода кунад. Калисои англиканӣ хабар дод, ки Десмонд Туту аз сафар ба зодгоҳи Мандела худдорӣ кард, зеро огаҳ шуд, ки ӯро ба рӯйхати меҳмонони маросим шомил накардаанд.
Десмонд Туту ҳам барои мубориза бо апартеид барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шудааст ва солҳои тӯлонӣ аз наздиктарин дӯстони Нелсон Мандела буд.
Нелсон Мандела, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, 5 декабр дар синни 95-солагӣ аз олам даргузашт.