Ширкати таҳқиқотии Global Financial Integrity (GFI), ки бо фош намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд машҳур аст, гузориши тозаи худро дар ин робита нашр кардааст.
Дар ин гузориш, ки вазъи кишварҳои шӯравии пешин дар даҳ соли гузашта баррасӣ шудааст, гуфта мешавад, ки шурӯъ аз соли 2002 то 2011 аз Тоҷикистон 2 миллиарду 746 миллион доллар ба хориҷи кишвар бурда шудааст. Дар ин гузориш зикр шудаст, ки дар муддати 10 сол аз ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ҳудуди триллион доллар ба берун бурда шуда, маблағҳо ба вижа ба минтақаҳои оффшорӣ интиқол дода шудааст.
Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи рейтинги кишварҳои ҷаҳон оид ба ҷиноёти молӣ, ки боиси ба хориҷи кишвар интиқол ёфтани миллионҳо доллар шудааст, дар мақоми 96-ум, яъне баъд аз Арабистони Саъудӣ ва пеш аз Танзания қарор дорад. Дар гузориши ширкати Global Financial Integrity зикр шудааст, ки танҳо дар соли 2009 як миллиарду 439 миллион доллар маблағҳои шубҳанок аз Тоҷикистон ба берун бароварда шудааст. Ин ширкат дар гузориши худ навиштааст, ки ҳаҷми маблағҳои шубҳаноке, ки аз дохили ин кишварҳои берун бурда шудааст, ба ними даромади солонаи буҷаи ин кишварҳо баробар аст.
Бо онки Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор рафта, даромад ба ҳар сари аҳолиаш ҳамагӣ 860 доллар баровард мешавад, ба ҳисоби Сандуқи байналмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва маркази таҳқиқотии Tax Justice Network, сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор метавонад аз 2,5 то 3,5 миллиард долларро ташкил диҳад.
То ҳол ҳукумати Тоҷикистон соҳибони ин сармояҳои бузургро ошкор накардааст, балки талош мекунад, ба гунае интиқоли ин миллиардҳо ба минтақаҳои оффшориро ҳатто тавҷеҳ кунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар аввали соли равон гуфта буд, пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор гузошта шудаанд, на ҳатман ба маъноест, ки онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд.
Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар қарздор шудааст ва барои оғози сохтмони нирӯгоҳи Роғун пул наёфту даст ба ҷайби мардумаш бурд, соҳибкорону ширкатҳои наздик ба раҳбарони аввали кишвар бидуни ҳеҷ истиҳола миллиардҳо долларро дар хориҷ аз мардуми худ пинҳон мекунанд ва давлат бо ин "корчаллон"-ҳои нозпарвардаш коре карда наметавонад. Кишварҳои Шӯравии пешин тақрибан ҳама бӯҳрони иқтисодиро паси сар мекунанд ва худи онҳо ба миллиардҳо доллар сармояҳои хориҷӣ ё ҳамин пулҳои оффшорӣ ниёз доранд. Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
Сандуқи байнулмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва Tax Justice Network низ сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар тахмин мезананд, вале соҳибони ин сармояҳоро ошкор накардаанд.
Дар муқоиса бо кишварҳои дигар, сармояҳои оффшории Тоҷикистон чандон зиёд нест. Масалан, тибқи маълумоти Tax Justice Network аз Қазоқистон 126 миллиард, аз Узбакистон тақрибан 21,5 миллиард доллар сармоя дар ҳисобҳои оффшорӣ пинҳон шудаанд. Пули сарватмандони Туркманистон низ дар оффшор ҳудуди 2,5 миллиард доллар ҳисоб шудааст.