Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе дар маросими ёдбуди Нелсон Мандела дар шаҳри Иоханнесбурги Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ дасти раҳбари Куба Раул Кастроро фишурд. Дар ин бора хабаргузории Рейтер иттилоъ дод ва навишт, ки ин дастфишорӣ – арҷгузорӣ ба фарде буд, ки умрашро барои оштӣ додани душманони қадима бахшидааст.
Робитаҳои дипломатӣ миёни Амрико ва Куба беш аз ним қарн пеш қатъ шуданд ва ин гуна мулоқот миёни раҳбарони ду кишвар хело кам иттифоқ меуфтанд. Моҳҳои ахир Вошингтон ва Ҳавана ба хотири оштии сиёсӣ гомҳое бардоштанд ва ин умедҳоро барои эҳёи робитаҳо дубора зинда кард.
Обама дар суханронӣ дар маросими ёдбуди Нелсон Мандела аз насли ҷавон хост, ки аз зиндагӣ ва мероси Мандела сабақ бигиранд.
Барои ширкат дар маросими видоъ бо барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Нелсон Мандела, ки рӯзи 15 декабр баргузор мешавад, сарони тақрибан 60 кишвари олам вориди Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ шуданд.
Нелсон Мандела, раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, ҳафтаи гузашта дар синни 95-солагӣ аз олам даргузашт.