Чак Ҳейгел бо Навоз Шариф мулоқот мекунад

Чак Ҳейгел, вазири дифои Амрико, рӯзи душанбе вориди Исломобод шуд. Қарор аст, ки ӯ бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва дигар мансабдорони воломақом дидору гуфтугӯ кунад. Ҳейгел дар шаҳри Равалпиндӣ бо раҳбари артиши Покистон генерал Роҳил Шариф сӯҳбат кард.

Пентагон ба баргузории музокироти воқеъбинона ва пурмаҳсул дар Исломобод ба хотири таҳияи чораҳои муштараки муқовимат бо таҳдидҳо ва мусоидат ба эътидоли авзоъ дар Афғонистон изҳори умедворӣ кардааст. Таниш миёни Вошингтон ва Исломобод дар пояи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон боқӣ мемонад.

Аз ин пеш Чак Ҳейгел дар Афғонистон буд ва аммо бо раисиҷумҳур Ҳомид Карзай мулоқот накард – сарвари Афғонистон то ҳол зери созиши амниятӣ бо Иёлоти Муттаҳида имзо ангузоштааст. Ин санад ба нерӯҳои амрикоӣ иҷоза медиҳад, ки баъд аз соли 2014 ҳам дар Афғонистон боқӣ монанд.