Дар набардҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ дар канори Димишқ тайи ду шабонарӯзи ахир аз ду ҷониб дасти кам 160 нафар кушта шуданд.
Хабаргузории France-Presse бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқи багари Сурия мустақар дар Бритониё навиштааст, ки миёни кушташудагон 56 мусаллаҳи мухолиф, 41 ҷиҳодии марбут ба “Ал-Қоида”, 36 афсару сарбози ҳукуматӣ, 20 ҷангҷӯи гурӯҳи ироқии шиамазҳаб ва ҳашт тан аз афроди гурӯҳи алавии содиқ ба Башор Асад мебошанд.
Гуфта мешавад, ки даргириҳо рӯзи ҷумъа баъди он шурӯъ шуданд, ки мухолифини мусаллаҳ ба хотири берун шудан аз муҳосира ба постгоҳҳои низомии минтақаи Гаутаи шарқӣ ҳамла карданд.