Дар Латвия ба ёди қурбониёни фурӯрезии боми маркази тиҷоратии “Максима” дар шаҳри Рига барои се рӯз мотам эълон шуд. Дар ин ҳодиса 51 нафар, аз ҷумла, се тан аз наҷотбахшон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, ду кишвари ҳамсоя – Литва ва Эстония ба нишони ҳамрайъӣ бо мардуми Латвия 24 ноябрро рӯзи мотам эълон карданд.
Фоҷиа шоми панҷшанбе рӯй дод. Дар ин ҳодиса тақрибан 40 кас аз харидорону фурӯшандагон ва наҷотбахшон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Шаби гузашта талошҳои аз зери оворҳои маркази тиҷоратӣ берун овардани ҷасадҳо идома карданд.
Ба гуфтаи мутахассисон, биное, ки онро маркази тиҷоратии “Максима” ба иҷора гирифта буд, бо камбудиву иштибоҳҳои зиёд бунёд шудаааст. Бино ба муассисаи Homburg тааллуқ дорад ва соли 2011 бунёд шуда буд.