Ҳукумати нав бо чӣ кӯлборе ба сафари 7 сола мебарояд?

Ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмон масъулиятро барои марҳилае бар дӯш мегирад, ки мардум ҳама мехоҳанд саранҷом Тоҷикистон аз бӯҳрон раҳо шавад ва ба роҳи рушди муназзам барояд.
Бо кобинаи наве, ки акнун раиси ҷумҳур ташкил мекунад, оё чунин кор имконпазир хоҳад буд? Оё раиси ҷумҳур ҳангоми ташкили ҳукумат танҳо дар дохили чаҳорчӯбаи марзҳои кишвар фикр хоҳад кард ё барои вай ин нукта низ муҳим аст, ки вазирону раисони нав дар хориҷ аз кишвар низ бозтоби чеҳраи Тоҷикистон хоҳанд буд? Дар гузашта борҳо мушоҳида шудааст, ки як вазири дар Тоҷикистон “муваффақ” дар хориҷ аз кишвар худро ноҳинҷор эҳсос кардааст.

Сӯҳроб Шарипов-мегӯяд, “бояд ба ҳайати кобина шахсиятҳое ворид шаванд, ки манфиати милливу давлатӣ, бозиҳои геополитикӣ дар минтақаро хуб дарк кунанд ва мавқеи Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон хуб фаҳманд. Ба ришваву фасод камтар олуда бошанд. Бештар дар фикри давлату миллат бошанд, на дар фикри ҷамъоварии сарвату афзоиши моликияти худ”.

Саидумар Ҳусайнӣ-муовини раиси ҲНИТ ва узви порламон мегӯяд, ҷиддитарин мушкиле, ки дар марҳилаи кунунӣ Тоҷикистон бо он “даст ба гиребон” аст,

Саидумар Ҳусайнӣ

ришвахорист ва он таъсири худро дар ҳамаи бахшҳои иқтисод расондааст. Оқои Ҳусайнӣ бовар надорад, ки бо омадани ҳукумати нав ин падида комилан аз байн намеравад, вале умедвор аст, ки ришваву фасод коҳиш меёбад. Вай мегӯяд, “фасоде, ки дар ҷомеаи мо реша давондааст, тақрибан ҳамаи баданаи ҳукумати пешинро фаро гирифта буд ва халос шудан аз он кори хеле вазнин аст, бинобар ин раиси ҷумҳур бо ҳукумати нави худ дар давраи ахири раёсати ҷумҳуриаш на танҳо барои худнамоӣ, балки бо ҷиддияти комил бояд бо ин падида мубориза кунад. Мо умедвор нестем, ки ришвахориро комилан аз байн мебаранд, вале агар 50 то 60 дарсад ҳам аз байн бибаранд, он кори шоиста хоҳад буд. Агар раиси ҷумҳур дар ин самт муваффақ шавад, эътибори худаш низ боло меравад”.

Барканории баъзе аз вазиронро дар ҷомеаи Тоҷикистон падидаи маъмулӣ медонанд, зеро тақрибан дар ҳар бахш мушкилӣ вуҷуд дорад. Аммо таҳлилгарон аз Шералӣ Хайруллоев-вазири пешини дифоъ ситоиш мекунанд ва мегӯянд, вай аз низомиёни ҳирфаист ва аз мактаби низоимии Шӯравӣ ҳам баҳра гирифтааст. Вай дар марҳилаи барои Тоҷикистон мушкил раҳбарии низомии Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва дар ташаккули артиши Тоҷикистон саҳм дорад. Аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, Хайруллоев дар идғоми гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифон дар давраи баъд аз ҷанг шоистагӣ нишон дод.

Сӯҳроб Шарипов

Ба ҷои вай Шералӣ Мирзоев-кафили вазири нави дифоъ дар марҳилае ба ин мақом мансуб шуд, ки Тоҷикистон бояд артиши худро аз лиҳози фаннӣ муҷаҳҳаз ва омодагии муҳорибавии худро бо чолишҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ мутобиқ созад. Сӯҳроб Шарипов мегӯяд. Шералӣ Мирзоев аз ҷумлаи низомиёне мебошад, ки аслан дар дохили худи Тоҷикистон тарбия гирифтааст ва кадри миллӣ ба шумор меравад. Бо гузашти бештар аз 20 сол Тоҷикистон акнун бояд кам-кам аз кадрҳои давраи Шӯравӣ ба кадрҳои миллӣ бигзарад. Рафъи мушкили таҷдид ва таҷҳизи артиши Тоҷикистон бо воситаҳои пешрафтаи низомӣ на танҳо вазифаи вазири дифоъ, балки вазифаи мустақими давлат низ ҳаст. Оқои Ҳусайнӣ низ иҷрои ин вазифаро ба сатҳи рушд ва тавони иқтисодии Тоҷикистон иртибот мегдиҳад ва мегӯяд, дар солҳои наздик ин мушкил боқӣ хоҳад монд, зеро барои баробар шудан ба савияи артишиҳои кишварҳои Шӯравии пешин на миллионҳо, балки миллиардҳо доллар сармоягузорӣ зарур аст.

Барканории Қодири Қосим-раиси вилояти Бадахшонро низ шояд баъзе қишрҳои ҷомеа интизор буданд. Нооромиҳои 23-24 июни соли 2012 дар Хоруғ курсии

23 августи соли 2012, эътирозҳои Хоруғ

вайро ба ларза оварда буд. Барои истеъфои вай дар маркази вилоят ҳамоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Вале он вақт раиси ҷумҳур нахост вайро аз мақом сабукдуш кунад. Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, барканории вай дар он шабонарӯзҳо маънои дигар мегирифт ва шояд он вақт фикр мекарданд, ки “ҳукумат ва раиси ҷумҳур тарсиданд ва ақибнишиӣ карданд”. Оқои Шарипов акнун овардани шахси дигар дар раҳбарии ин вилоятро кори дуруст ва фурсати муносиб медонад.

Шодӣ Шабдолов-раиси Ҳизби Куммунист нокомиҳои Тоҷикистонро “тақсир”-и низоми идории кунунии кишвар медонад ва бовар дорад, ки бо ин низом бо овардани ҳар гуна ҳукумат ва ҳар гуна кадри раҳбарӣ Тоҷикистон пеш намеравад. Вай мегӯяд, низоми идории кунунӣ “бойҳоро бойтар ва камбағалҳоро камбағал ва ҳатто гадо кардааст”. Вай густариши ришвахорӣ дар сохторҳои ҳукуматиро низ “самара”-и ҳамин низом арзёбӣ кард ва умуман чунин низом дар кишварҳои дигарро низ зери интиқод гирифт. Шабдолов пешниҳод мекунад, ки бояд дар ин кишвар низоми идорӣ тағир ёбад.

Аммо оқои Шабдолов ба шахсоне, ки ба ҳайати ҳукумати нав ворид мешаванд, мухолифат надорад ва мегӯяд, онҳо одамони хуб ҳастанд, вале меафзояд, агар

Шодӣ Шабдолов

онҳо дар кори худ муваффақ нашаванд, ин тақсири онҳо нест, балки тақсири низоми идории Тоҷикистон аст. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзади Ҳизби Куммунист баъд аз ҳизби ҳоким зинаи дуввумро ишғол кард, бо вуҷуди ин раиси ин ҳизб бовар дорад, ки касеро аз ин ҳизб ба ҳайати кобинаи нав ворид намекунанд.

Сӯҳроб Шарипов овардани намояндагони аҳзоби дигар ба ҳукумати навро ҳатмӣ намедонад ва мегӯяд, низоми идории Тоҷикистон низоми порламонӣ нест, то бо назардошти дарсадии рай ҳизбҳо ҳукумати эътилофӣ ташкил кунанд. Низоми идории ин кишвар низоми раёсати ҷумҳурист ва ташкили ҳукумат ба хости худи раиси ҷумҳур бастагӣ дорад, гарчӣ ҳизби куммунист ва ҲНИТ исрор меварзанд, ки дар суфуфи онҳо афроди шоистаи курсиҳои ҳукуматӣ ҳастанд.

Таҳлилгарон тағироти сохторӣ дар ҳукуматро нишонаи таваҷҷуҳи бештар ба бахши иқтисодӣ медонанд ва бар ин ақидаанд, ки раиси ҷумҳур бо ин кор мехоҳад корхонаҳои тавлидотиро бештар фаъол кунад. Солҳои охир барои гушоиши корхонаҳои хурду миёна раиси ҷумҳурро даъват ва худнамоӣ мекунанд, вале баъд аз муддате баъзе аз ин корхонаҳо наметавонанд фаъолияти худро идома диҳанд. Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, бояд раиси ҷумҳур ва аъзои ҳукумати вай баъд аз чанд муддати ба кор андохтани корхонаҳои нав дубора ба фаъолияти онҳо руҷуъ кунанд, то мутмаин шаванд, ки ин корхонаҳо ҳамоно фаъоланд ва ба Тоҷикистон даромад меоранд.

Барҳам додани Хадамоти муҳоҷиратро коршиносон амри барвақтӣ медонанд ва мегӯянд, ба вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ додани ин бахши муҳим шояд дар оянда таваҷҷуҳро ба масъалаҳои муҳоҷират ва мушкили муҳоҷирони корӣ камтар кунад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо умедвор буданд, ки Хадамоти муҳоҷират ба вазорати муҳоҷират табдил хоҳад ёфт, зеро пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик камтар аз маблағи будҷаи солона нест.

Аъзои ҳукумати нав танҳо дар сурате соҳиби салоҳият хоҳад шуд, ки агар порламон онро ба тасвиб расонад. Дар аксари кишварҳо порламон ҳатто моҳҳо барои тағири сохтори ягон вазорат ва ё номзадии вазир мунозира мекунад, ҳадафи тағирот ё маҳорату тавоноии номзад ва барномаҳои вайро ба чолиш мекашад. Аммо дар Тоҷикистон чунин нест. Оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, ҳатто дар порламон намояндагони ақалиятҳои ҳизбӣ ҳангоми тасвиби аъзои кобинаи нав коре аз дасташон барнамеояд. То ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо ва ё пешниҳодҳое, ки аз ҷониби ҳукумат ворид шудааст, порламон ҷуръати баргардонидани онро накардааст. Чун ҳайати кобинаи нав низ пешниҳоди раиси ҷумҳур хоҳад буд, он ҳатман ба тасвиб мерасад, зеро ҳизби ҳоким дар порламон аксариятро ташкил медиҳад.