Шӯрои сиёсии ҲНИТ интихоботи президенти рӯзи 6-уми ноябрро ғайридемократӣ, ношаффоф ва бидуни рақобати ҳақиқӣ дониста, рақамҳои эълоншударо дур аз воқеъиятҳо хонд. Дар баёнияи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки нусхаи он дасти «Озодӣ» низ расид, ин ҳизб мавқеи худро оид ба раванди интихоботи президентии кишвар эълон намуд. Дар ин баёния аз ҷумла омадааст, ки «интихоботи президентии имсола низ бори дигар исбот намуд, ки дар ҳокимияти имрӯза иродаи сиёсии баргузор кардани интихоботҳои озод вуҷуд надорад. Ҳанӯз қабл аз шуруъ гаштани марҳалаи расмии ин маъракаи муҳими сиёсӣ, мақомоти ҳукуматӣ заминаро барои баргузории як интихоботи ғайришаффоф ва берақобат омода сохта буданд."
Баёния дар ин росто ба тарҳрезии сиёсатҳои нави давлатӣ ва дастурҳои бевосита ба мақомот барои эҷоди монеаҳои сунъӣ дар фаъолияти ҳизбу чеҳраҳои алоҳидаи оппозитсионӣ, ба хусус, ҲНИТ, ки нишонаи рӯшани он санади маъруф ба «протоколи 32-20», сиёҳ кардани чеҳраи дин ва диндорон тавассути барномаҳои махсуси расонаӣ, фишору таъқиб ва ҳабси шахсиятҳои гуногунандеш бо баҳонаҳои бепоя ва сохта, бо мақсади пешгирӣ аз ташаббусҳои нави сиёсӣ, ки қазияи Зайд Саидов намунаи ошкори ин амалҳост, ишора кардааст. Дар идомаи ин баёния омада, «бо дарки он, ки мақомот дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва динӣ муваффақ набуданд ва беэътимодии интихобкунандагонро эҳсос намуда, ҳукумат баргузории як интихоботи нисбатан озодро ба нафъи худ намедонист. Аз ин рӯ, бо роҳандозии иқдомҳои ғайри қонунӣ, заминаро аз қабл барои баргузории як интихоботи берақобат ва ғайришаффоф омода сохт.»
Баёнияи ҲНИТ мегӯяд, ки дар натиҷаи ин ҳама қонуншиканиҳо, ситоди номзади ягонаи ИНИТ натавонист шумораи имзоҳои талабшударо сари вақт ҷамъоварӣ намояд. ҲНИТ, ки расман номзади ягонаи ИНИТ, Ойниҳол Бобоназароваро ба мансаби президентӣ пешбарӣ карда буд, бо дарназардошти ин ҳолатҳо, тасмим гирифт, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ намояд.
Шӯрои Сиёсии ҲНИТ барои баргардонидани эътимоди ҷомеъа, аз сӯи ҳукумати нави корҳои зерин, аз ҷумла ҷалб намудани кадрҳои ҷавонтари технократ ва додани салоҳиятҳои бештар ба сарвазир ва аъзои ҳукумат, ташкили комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ барои омода кардани консепсияи ислоҳоти конститутсонӣ дар кишвар, омода кардани фазои муносиб барои интихоботи озоду шаффофи парлумонӣ дар 2015, даст кашидан аз фишору таъқиб нисбати ҳизбҳо ва шахсиятхои мухолиф, қатъ кардани ҳамаи парвандаҳо нисбати афроди дигарандеш, даст кашидани президент аз узвияти ҳизби сиёсӣ дар давраи фаъолияташ, ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон, қатъ намудани таблиғот алайҳи қишри руҳонияти кишвар ва даст кашидан аз истифодаи иттиҳодияҳои динӣ бо ғаразҳои сиёсӣ, баргардонидани фазои муколама ва барқарор сохтани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва эҷоди фазои солими рақобат байни андешаҳо ва нерӯҳои сиёсиву иҷтимоиро лозим шуморидааст.