Эътилофи миллии Сурия, ниҳоди мухолифи ҳукумати Димишқ, изҳор намуд, ки дар сурати иҷро шудани чанд талабаш дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли бӯҳрони кишвар ширкат хоҳад кард. Мухолифин тақозо доранд, ки ҳукумати Сурия барои ташкили долони амниятӣ ба хотири интиқоли кӯмакҳои башарӣ ба афроди ниёзманд иҷоза диҳад ва ҳама маҳбусони сиёсӣ ва занону кӯдаконро аз маҳбасҳо раҳо кунад. Эътилоф ҳамчунин барои он пойфишорӣ мекунад, ки раисиҷумҳури феълӣ Башор Асад дар ҳукумати давраи гузариш ва дар ҳаёти сиёсии ояндаи Сурия нақше надошта бошад.
Дар бораи ин шартҳо мухолифин баъд аз музокироти дурӯза дар шаҳри Истамбул хабар доданд.
ИМА ва Русия талоши то охири сол баргузор кардани конфаронси сулҳи Сурияро доранд. Ҳукумати Димишқ бидуни ягон пешшарт барои ширкат дар ин конфаронси мавсум ба Женева-2 розӣ шуда буд.