Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, аз ихтилофи назари ҷиддӣ миёни Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимиии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар музокироти Женева дар бораи ягон созиш бо Эрон ҳарф задан барвақт аст. Ҷон Керрӣ, ки баъди сафар ба Исроил вориди Женева шуд, изҳор намуд, ИМА бояд ӯҳдадориҳои Эрон оид ба қатъи ҳама гуна коркардаи ҳастаӣ чун гоми аввал ба ивази коҳиши таҳримҳои байнулмилаллӣ алайҳи Теҳронро баррасӣ кунад.
Рӯзи ҷумъа ҳамчунин вазирони умури хориҷии Бритониё, Олмон ва Фаронса ҳам ба Женева омада ба музокирот ҳамроҳ шуданд. Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар сӯҳбат бо хабарнигорон иқрор намуд, ки гуфтушунид бо душворӣ пеш меравад.
Шоми ҷумъа расонаҳои чопи Маскав хабар доданд, ки вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи шанбе ба Женева меравад ва ба музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ҳамроҳ мешавад.