Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки нигарониҳои ҳампаймонҳои аврупоӣ дар бораи гӯш кардани зангҳои телефонии шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи хадамоти кашфи Амрико набояд ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ латма зананд. Ӯ рӯзи сешанбе баъд аз музокирот бо ҳамтои лаҳистонияш Радослав Сикорски дар Варшава гуфт, "набояд чизе ба музокирот оид ба таъсиси минтақаи трансатлантикии тиҷорати озод – миёни Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо халал расонад".
Қарор аст, ки дар мулоқоти Ҷон Керрӣ бо нахуствазири Лаҳистон Доналд Туск мавзӯи ҷойгирсозии системи зидди ҳамлаи мушакии Амрико дар Аврупо, авзоъ дар Ховари Миёна ва хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон баррасӣ шавад.
Сафари Керрӣ ба Лаҳистон нахустин сафари як мақоми аршади ИМА ба Аврупо баъд аз моҷарои гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии раҳбарон ва шаҳрвандони аврупоӣ аз сӯи Оҷонси милли амниятии Амрикост. Керрӣ баъд аз анҷоми сафари нӯҳрӯзааш ба шимоли Африқо ва Ховари Миёна вориди Варшава шуд. Қарор аст, ки аз Варшава ӯ ба Вошингтон парвоз кунад.