Ҳашт акс аз якшанбе то шанбе
Амирқул Азимов, раиси кумитаи амният ва дифоъи парлумони Тоҷикистон мегӯяд баъд аз интихобот ислоҳоти ҷиддие дар сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар пеш истодааст.
Якшанбеи 27 октябр дар Маскав раҳпаймоии мухолифон баргузор гашт, ки танҳо як талаб дошт: "Маҳбусони сиёсӣ бояд охзод шаванд!"
Гулнигори Наҷмиддин, духтари 3-солае дар ноҳияи Фархор зимни сафари президенти Тоҷикистон ғайричашмдошт аз хунук хурдан шикоят карда шеъреро, ки барои омдани президент азёд карда буд нахонд ва аз "Бобои Эмомалӣ" тӯҳфаҳо гирифт.
Хонуми ришдор бо номи Кончита Вӯрсти 25-сол, сарояндаи Австрагӣ, ки ахиран барои иштирокаш дар озмуни мусиқии Eurovision мавриди интиқод қарор гирифт.
Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, роҳбари пешини Толибони Покистон, рӯзи ҷумъаи 31-уми октябр бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд. Ба ҷойи ӯ Хон Саид Сайна, раҳбари нави гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон интихоб шуд.
Задухурди мусаллаҳона миёни мақомоти пулис ва шахсони мусаллаҳ дар фурудгоҳи байналмиллаии Лос Анҷелос, рӯзи 1-уми ноябри соли 2013.
Дурбинҳои назоратии кӯчаҳои шаҳри Душанбе баъд аз шаш соати фаъолияташон рӯзи 2-уми ноябр беш аз 17 ҳазор қоидавайронкуниро сабт кардаанд. Акнун ҳар қадами ронандагону сокинон дар кӯчаҳои марказии Душанбе назорат карда мешавад.
Ҷавонони зиёде дар сарораси Тоҷикистон барои ҳимоят аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-уми ноябр ба кӯчаҳо баромада, бо аксҳои Эмомалӣ Раҳмон ва шиорҳо дар даст аз Раҳмон ҷонибдории худро изҳор доштанд.