Назарбоев хостори аз байн бурдани ЕврАзЭС шуд

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, пешниҳод кард, ки ЕврАзЭС – Ҷомеъаи иқтисодии АвруОсиё, пароканда шавад ва ҳамзамон Иттиҳодияи гумрукӣ густариш ёбад. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар нишасти Шӯрои Олии иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Минск гуфт, барои мавҷудияти ду созмони ҳамсон зарурате нест ва пешниҳод кард, ки мавзӯи ба ҳайси нозир ба Иттиҳодияи гумрукӣ пазируфтани Қирғизистон ва Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Ба ЕврАзЭС – Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд. Шӯрои иқтисодии АвруОсиё бояд то соли 2015 Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро таъсис кунад.

Нурсултон Назарбоев ҳамчунин аз Русия пешниҳод кард, ки ҳамроҳ бо ҳайати қазоқистонӣ дар мавриди вуруди Остона ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат бо Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА музокироти муштарак анҷом диҳад.

Дар нишасти Шӯрои Олии иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Минск раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ва президенти Русия Владимир Путин ширкат доранд.