Дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни навҷавонону духтарон, ки 23-юми октябр дар Словения шурӯъ шуд, беш аз 600 варзишгар аз 75 кишвар ширкат доранд.
Ин мусобиқот, ки дар пойтахти Словения – Любляна панҷ рӯз идома меёбад, зӯртаринҳоро аз рӯи 16 дараҷаи вазнҳо миёни писарону духтарони синнашон то 21-сола дар рақобатҳои инфиродӣ ва ғолибони сабқати дастаиро муайян хоҳад кард. Ин охирин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2013 ба шумор меравад. Маблағи ҷавоизи мусобиқот 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро ду гуштигири ҷавон – Сафарбек Муродов дар вазни то 81 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг намояндагӣ мекунанд. Ҳарду рӯзи ҷумъаи 25-уми октябр рақобат хоҳанд кард. Рақиби Сафарбек дар даври аввали мусобиқот Алексиос Нтанатсидис аз Юнон мебошад. Комроншоҳ, ки аз даври аввал озод аст, дар даври дувум бо Герго Фогаси аз Маҷористон вориди рақобат мешавад.
Дар рӯзи аввали мусобиқот – 23-юми октябр, гуштигирони вазнашон сабук - 55 ва 60 кг миёни навҷавонон, 44 ва 48 кг байни духтарон рақобат карданд. Рӯзи 24-уми октябр варзишгарони вазнашон 66 ва 73 кг миёни навҷавонон, 52 ва 57 кг байни духтарон қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ғолибони сабқати навҷавонон дар вазнҳои 81 ва 90 кг, инчунин сабқати духтарон дар вазнҳои 63 ва 70 кг 25-уми октябр маълум мешаванд. Рӯзи 26-уми октябр сабқати навҷавонон дар вазнҳои 100 ва беш аз 100 кг ва сабқати духтарон дар вазнҳои 78 ва беш аз 78 кг барпо мегарданд. Рӯзи 27-уми октябр барои аввалин бор дар доираи мусобиқоти ҷаҳонии навҷавонон сабқати дастаӣ баргузор мешавад.
Дар рӯзи аввали мусобиқот намояндагони 11 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо 2 медали тилло дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. Фаронса бо як нишони тилло ва як биринҷӣ дар ҷойи дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо 1 медали тилло дар ҷойи севум қарор доранд.
Рӯйхати ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқот
Наврасон
-55 кг
1. МАНКВЕСТ Винсент (Фаронса)
2. МАИТА Армандо (Венесуэла)
3. ЧЕЛИДЗЕ Лери (Гурҷистон)
3. ТОРРЕНТЕ Виктор (Бразилия)
-60 кг
1. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
2. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)
3. КАБА Аҳмад Сахин (Туркия)
3. ОШИМА Юма (Ҷопон)
Занон
-44 кг
1. ПАВЛЕНКО Анастасия (Русия)
2. СТЕФАНЕСКУ Андреа (Руминия)
3. САОУДИ Олфа (Тунис)
3. ЯМАУЧИ Хонока (Ҷопон)
-48 кг
1. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
2. ПОП Александра (Руминия)
3. БУЧАРД Амандин (Фаронса)
3. ЯМАЗАКИ Тамими (Ҷопон)