Боздошти як додрас дар Суғд бо ҷурми фасод

Мақомоти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як додрасро ҳангоми ришваситонӣ боздошт кардаанд.
Сӯҳроб Қоҳирӣ, як масъули Оҷонсии назорати давлатӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Рафиев, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд моҳи октябри соли 2013 ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноӣ, аз айбдоршаванда Сайдуллоҷон Пӯлодов барои сабук кардани ҷазо маблағи 4 ҳазор доллар талаб кардааст.

Ба гуфтаи команди Оҷонсӣ, Дилшод Рафиев дар таърихи 11- уми октябр дар дафтари кориаш аз Сайдуллоҷон Пулодов талаб кардааст, ки қисме аз ин маблағ- 2500 долларро ба дасти нафаре бо номи Алишер Усмонов ба ӯ расонад.

Алишер Усмонов, дар асоси маслиҳати пешакӣ, ки бо Рафиев доштаст, 800 доллар ва 900 сомониро аз Пулодов дар кӯчаи "Бофанда"-и шаҳри Хуҷанд гирифта, онро ба Дилшод Рафиев додаст.

Дилшод Рафиев, додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 16-уми октябр аз Пулодов хостааст, ки 500 доллари боқимондаро ба ӯ бидиҳад. Рӯзи 19-уми октябри соли 2013 Рафиев маблағи 500 долларро ба воситаи котибаш Ҷумъаев дастрас кард ва дар ҷараёни гирифтани ин маблағ ки аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир шуд.

Ба гуфти Сӯҳроб Қоҳирӣ дар заминаи ин ҳодиса алайҳи додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилшод Рафиев бо иттиҳоми ришваситонӣ ва алайҳи корширики ӯ Алишер Усмонов бо ҷурми ширкат дар ҷиноят парванда боз шуд. Ба гуфти мақомот, айни ҳол Рафиев ва Усмонов дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва тафтишот идома дорад.