Ҳуланд аз болои Русия ба Додгоҳи байнулмилалӣ шикоят бурд

Ҳукумати Ҳуланд рӯзи душанбе ба Додгоҳи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳо дар баҳр, мақараш дар Олмон, дар робита ба боздошти фаъолони созмони Гринпис аз сӯи ниҳодҳои Русия шикоят бурд. Хабаргузории Франс-пресс дар ин бора бо такя ба вазорати умури хориҷии Ҳуланд иттилоъ дода гуфтааст, ки ҳадаф раҳо кардани ҳама фаъолони боздоштшуда ва киштии “Арктик Санрайз”мебошад.

“Арктик Санрайз” рӯзи 19 сентбяр дар баҳри Печора барои талоши эътироз алайҳи истихроҷи нафт дар платформаи "Приразломная" боздошт шуда буд. Дар киштӣ 30 нафар – 28 тан аз фаъолони Greenpeace ва ду хабарнигор Денис Синяков аз Русия ва Кирон Брайан аз Бритониё ҳузур доштанд.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 3 октябр хабар дод, ки ҳама сарнишинҳои киштии Гринпис «Арктик Санрайз» дар роҳзании дарёӣ айбдор шуданд. Иттиҳоми роҳзании дарёӣ аз сӯи гурӯҳи муташаккил, бар пояи қавонини ҷиноии Русия, аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодиро ба думбол дорад. Айбдоршавандаҳо гуноҳи худро ба гардан нагирифтанд ва аз додани баёнот сарпечӣ кардаанд.