Имрӯз дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиаи додгоҳии шикояти Аскар Ҳакимов бо ҳафтаномаи "Самак" баргузор шуд ва бинобар пардохт нашудани боҷи ҷарима, парванда қатъ карда шуд. Иноятулло Иноятов, вакили мудофеи нашрияи "Самак" рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мурофиаи имрӯз, додгоҳи Фирдавсӣ бо назардошти он ки шоир маблағи 1050 сомонии боҷи давлатиро бар рӯи даъвои 150 ҳазор сомонааш алайҳи ҳафтаномаи "Самак" пардохт накард, ин парвандаро қатъ кард. Мурофиа таҳти раёсати додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Махфират Азимова сурат гирифт. Даҳ рӯз қабл Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷониби даъвогар шоир Аскар Ҳаким муҳлат дода буд, ки андози 1050 сомониро пардохт кунад, вале бо гузашти муҳлат ин маблағ пардохта нашуд ва бо назардошти ин, парванда аз истеҳсолот гирифта шудааст. Дар моҳи марти соли ҷорӣ пас аз он, ки мақолаи ҳафтаномаи "Самак" таҳти унвони «Зиёиёни бе мушкили тоҷик» ба нашр расид ва дар он навишта номи Аскар Ҳаким дар қатори як зумра зиёиён ба нашр расид, шоир худро таҳқирдида ҳисобида, нашрияро ба додгоҳ кашид. Илова ба ин, дар ин мақола сухан аслан дар бораи рассомони тоҷик мерафтааст, аммо иштибоҳан номи Иттифоқи нависандагон зикр шудааст. Ҳайати нашрия дар шумораи навбатии худ дафъатан аз Аскар Ҳаким пӯзиш мехоҳад ва тасҳеҳи мақоларо ба нашр мерасонад, вале шоир барои ин иштибоҳ ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуда, барои таҳқири шахсияташ 150 ҳазор сомонӣ талаб мекунад.