Бонки осиёии рушд(БОР) мизони рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2013-ро аз 6,5 фоизи пешбинии моҳи апрелаш иваз карда,и ин дафъа 7 дарсад нишон додааст. Дар гузориши ин ниҳоди молиявӣ, ки таҳти унвони «Тафсири рушди Осиё – 2013» нашр шуд, омадааст, ки афзоиши ММД дар Тоҷикистон дар соли 2014 дар сатҳи 6 дарсад хоҳад буд.
Асел Чингишева, намояндаи БОР дар Тоҷикистон мегӯяд, иқтисоди ин кишвар ба сатҳи олии рушд расидааст, аммо ҳамоно вобастагиаш аз маболиғи интиқолӣ онро осебпазир мекунад. Бино ба гузориши БОР, дар нимаи аввали сол беқурбшавии пул то 6,2% боло рафтааст. Пешбинии афзоиши беқурбшавӣ ҳамоно дар сатҳи 6,5 дарсад дар соли 2013 ва 7,0% дар соли 2014 боқӣ мемонад.
Дар ин гузориш омадааст, дар нимаи аввали соли 2013 содироти Тоҷикистон ба 8,6% қабл аз ҳама аз ҳисоби коҳиши фоидаи алюминий ва пахта поён омадааст. Интиқолоти пул 8,7% ба рушди воридот кумак кардаанд.
«Тафсири рушди Осиё» ва «Тафсири навшудаи рушди Осиё» – нашрияҳои асосии БОР мебошанд, ки ҳисоботи таҳлили вазъи иқтисодӣ ва пешбиниҳоро барои кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором анҷом медиҳад. Ин ҳисобот моҳҳои апрел ва октябр нашр мешаванд.
Тоҷикистон аз соли 1998 узви БОР буда, то имрӯз аз ин ниҳод 1,1 миллиард доллар қарзҳои имтиёзноку кумакҳои фаннӣ ва билоиваз гирифтааст.
БОР соли 1966 созмон ёфтааст. Саҳҳомони бонк дар ҳоли ҳозир 67 кишваранд.