Мақомоти шаҳри Маскав гуфтаанд, рӯзи ҷумъаи 27-уми сентябр дар хатсайри метрои Калинскийи ин шаҳр як шаҳрванди Тоҷикистон афтодааст ва бо ин сабаб ҳаракати қатораҳои метро боз дошта шудааст. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса шахси дар роҳи оҳани метро афтида дар аввал зинда будааст ва сипас ба ҳалокат расидааст. Ҳарчанд ки ёрии таъҷилиро саривақт огоҳ кардаанд, вале бо саббаи дар тамбаи мошинҳо дармонданаш натавонистааст саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шавад.
Масъулони ин хатсайр, ки яке аз серодамтарин хатсайр ба шумор меравад, ба хабаргузории РИА «Новостӣ» гуфтаанд, аз афтидани ин шахс дар роҳи оҳан ҳаракати қатораҳои метро боз дошта шуд ва хатсайри иловагӣ тариқи автобус ба роҳ монда шудааст. Гуфта мешавад дар ҷои ҳодиса кормандони ниҳоди изтирорӣ ва масъулони метрополитент кор бурда истодаанд. Вале ном ва шахсияти ин шаҳрвандро дақиқ нагуфтаанд. Ҳамчунин сабаби ба роҳи оҳан афтидани ин шахс ва чигуна ҷароҳат бардоштанаш, низ гуфта нашудааст.