Мақомоти гумруки қирғиз дар вилояти Бодканди ҳамсарҳади Тоҷикистон 12 тонна ҷуворимакаро мусодира кардаанд, ки ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бояд ворид мешуд.
Дафтари матбуоти хадамоти гумруки Қирғизистон ба ВАО гуфтаанд, ки ин миқдор бори ғайриқонуниро аз шаҳрванди Қирғизистон дарёфт кардаанд ва маводи мусодирашуда ба хадамоти гумруки ин кишвар супурда шудааст.
«14-уми сентябр кормандони марзии хадамоти гумрук шаҳрванди Қирғизистонро дастгир кардаанд, ки мехост 12 тонна ҷуворимакаро ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Маблағи умумии он 180 ҳазор соми қирғизиро ташкил мекунад», гуфтаанд аз хадамоти гумруки ин кишвар.
Шаҳрванди дастгир шуда ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, вале ному насаби вайро мақомот ифшо накардааст.