Тарҳи Русия оид ба назорати байнулмилалӣ аз болои силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ба ИМА ироа шуд. Дар ин бора ба хабарнигорон як дипломат, ки вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавровро дар сафараш ба Қазоқистон ҳамроҳӣ мекунад, иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ки ин тарҳро рӯзи 12 сентябр Сергей Лавров ва ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ дар Женева баррасӣ кунанд.
Рӯзи сешанбе Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ваъда дод, ки пешниҳоди Русия дар бораи зери назорати байнулмилалӣ қарор додани захираи силоҳи кимиёвии Сурияро меомӯзад.Ҳамзамон ӯ ҳушдор дод, то он замоне, ки талошҳои дипломатӣ муассир будани худро собит накунанд, нерӯҳои ИМА барои зарбаи фаврӣ задан ба муассисаҳои низомии Сурия омода боқӣ хоҳанд монд.
Дар ҳамин ҳол Пауло Пинейро, раиси комиссиюни СММ, ки нақзи ҳуқуқи башар дар Сурияро пажуҳиш мекунад, зимни муаррифии гузориши тозаи комиссиюн хабар дод, ки ҳам нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам мухолифини мусаллаҳ ба ҷиноёти низомӣ ва нақзи қавонини байнулмилалӣ даст задаанд. Дар ин гузориш далелҳои аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Димишқ кушта шудани мардуми осоишта ва бомбборони бемористонҳо оварда шудааст. Муаллифон иттилоъ дар бораи аз сӯи мухолифини мусаллаҳ, аз ҷумла, хориҷиёни муттаҳидини онҳо эъдом шудани асирон, гаравгон гирифтани одамон ва тирборони маҳаллаҳои аҳолинишинро низ ҷамъ овардаанд.
Гузориши комиссиюни СММ давраи аз 15 май то 15 июли соли равонро дарбар мегирад.