Додситонии шаҳри Хуҷанд парвандаи нисбат ба яке аз бузургтарин ширкатҳои вилояти Суғд, “Дӯстӣ - Амирхон”- ро бо айбдории пардохт накардани беш аз 1 миллион сомонӣ андоз ҷиҳати бозбинӣ ба додгоҳ додааст.
Ба гуфтаи додситонӣ, аз ҷониби ширкати мазкур дар давоми солҳои 2010 – 2013 пинҳон доштани чунин маблағи бузурги андозро тафтиши якҷояи мақомоти додситонӣ ва андоз ошкор кард.
Ин манбаъ афзуд, ба думболи ин додситонӣ алайҳи мудири кулли ҶДММ “Дӯстӣ - Амирхон” Хайрулло Мухторов ва муҳосиби асосии он, Г. Шарифова аз рӯйи банди 292, қисми 2 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “саркашӣ аз супоридани андоз ба миқдори махсусан калон” боз карда, тафтиши онро ба анҷом расондааст.
Ширкати “Дӯстӣ –Амирхон” соли 1992 таъсис ёфта, нӯшокиҳои ташнагишикан, оби ҷав ва шириниҳо истеҳсол мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ширкат яке аз ширкатҳои муваффақ ва пешрафта дар бахши саноати сабук ва аз андозсупорандагони бузург дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қаблан барои насупурдан ё пинҳон доштани андоз ва дигаргуна камбудҳои молӣ айбдор нашуда буд.
Яке аз кормандони масъули ин ширкат ба шарти ошкор накардани номаш ба Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат мақомот ширкаташонро ба насупурдани маблағи бузурги андоз айбдор карданд. Аммо ба гуфтаи вай, ба додгоҳ рафтани парванда дуруст нест. Ба гуфтаи мусоҳибам, тафтишоти мақомот дар аввал маблағи носупурдаи андозро “беҳад калон” нишон додаааст. Вале баъд аз тафтиши дақиқ он маблағ поин бурда шуда, ширкат ба давлат пардохт кардааст.
“Ҳамин хел баҳс буд. Аммо баъди супурдани андоз қатъ шуд.” – афзуд вай.
Ин ҳамсуҳбати мо маблағи андозеро, ки ширкати “Дӯстӣ - Амирхон ” баъд аз тафтиши мақомот ба хазинаи давлат пардохт кардааст, ошкор накард. Аммо ба гуфтаи як манбаи огоҳ аз қазия, ширкати мазкур ҳудуди ним миллион сомонӣ маблағи андози пинҳондоштаашро ба хазинаи давлат ворид кардааст.
Ширкати мазкур соли 2009 замоне расонаӣ шуд, ки ду нафар ҷинояткор соли 2009 Мухторов Акмал, писари соҳиби тарабхонаи «Дӯстӣ-Амирхон» - Мухторов Амирхон ба гарав гирифта, аз соҳибкори мазкур бар ивази фарзандаш маблағи калони пулӣ талаб карданд. Вале Акмал Мухторов худро аз банд дар як гараж раҳо кардаву гурехта, худро дар паноҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ гирифта буд.
Ин манбаъ афзуд, ба думболи ин додситонӣ алайҳи мудири кулли ҶДММ “Дӯстӣ - Амирхон” Хайрулло Мухторов ва муҳосиби асосии он, Г. Шарифова аз рӯйи банди 292, қисми 2 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “саркашӣ аз супоридани андоз ба миқдори махсусан калон” боз карда, тафтиши онро ба анҷом расондааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад