Диктаторҳо ва ситораҳо
Навозандаи бритониёӣ Ванеасса-Мей низ ин ҷашни 35-солагии Қодировро "обод" мекард.
Ҳунарпешаи амрикоӣ Ҳиларӣ Сванк дар зодрӯзи Рамазон Қодиров. Ӯ баъди интиқодҳо гуфт, ҳаққи гирифтааш аз ширкат дар ин маросимро ба сандуқҳои хайрия хоҳад супурд.
Рамазон Қодиров ва ситораи футбол Диего Марадона дар расми ифтитоҳи варзишгоҳи ба номаи падараш Аҳмад Қодиров дар Грозний. 11 майи соли 2011.
Ҷенифер Лопес 29 июни соли 2013 Лопес дар осоишгоҳи Овозаи Туркманистон барои раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таронаи "Happy Birthday"-ро иҷро кард.
Хонандаи попи Амрико Риҳана дар Боку. 22 сентябри соли 2012.
Кайе Уэст рӯзи 31 август тӯйи арӯсии набераи Назарбоевро "обод" кард.
Ситораи бритониёӣ Стинг соли 2009 дар Узбакистон барои духтари президент Гулнора Каримова консерт дод. Аммо Стинг дар соли 2011 аз додани консерт дар Қазоқистон ба нишони тарафдорӣ аз корпартоии коргарони ширкати нафти Жанаозен даст кашид.
Бейонсе соли 2009 дар маҳфили солинавӣ барои Муътасим Қаззофӣ, писари ҳокими ҳамакнун собиқи Либия тарона хонда буд.Ӯ имсол адр арӯсии набераи Назарбоев ширкат кард.Баъди он консерти соли 2009 ӯ эълон кард, ки 1 миллион долларро барои осебдидагони зилзилаи Ҳаитӣ хайр мекунад.
Овозхони амрикоӣ Мария Карей низ соли 2008 барои Қаззофӣ овоз хонда буд, вале баъд эътироф кард, ки кори баде кардааст ва ваъда супурд, ки ҳамаи пули гирифтаашро сарфи корҳои хайрия хоҳад кард.
Раҳбари худхоҳи Кореяи шимолӣ Кин Чен Ун бо ситораи собиқи NBA (Лигаи миллии баскетбол) Деннис Родман дар варзишгоҳи Пхенян. Феврали соли 2013.