Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар гузориши семоҳаи нави худ гуфтааст, ки Эрон 1000 адад сентрифугаҳои нави пешрафтаи ғанисозии ураниум насб кардааст ва қарор аст, озмоиши онҳоро шурӯъ кунад. Айни замон ба гуфтаи ин муассисаи Созмони Милал, захираҳои ураниуми ғанисозишудаи Эрон тайи се моҳи гузашта чандон зиёд нашудааст, зеро Ҷумҳурии Исломӣ қисме аз онро ба маводи сӯхт барои реактори атомӣ табдил додааст. Бар асоси гузориши Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, дар Эрон ҳамчунин ба таҳияи маводи сӯхти ҳастаӣ дар реактори нави оби сангин шурӯъ кардаанд, ки бо ин реактор метавон, плутониум, моддаи лозим барои бомби атомӣ ҳосил кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки Теҳрон пайваста рад кардааст.