Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор шуд

Имрӯз душанбе 26-уми август ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо иштироки Эомалӣ Раҳмон ва дигар сохторҳои қудратии ин кишвар доир гашт. Тавре аз дафтари матбуотии президент хабар доданд, дар ҷаласа масъалаи таҳкими амният вобаста ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ гардид. Ҳамчунин дар маҷлис роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузориш додаанд. Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба омодагии доимии қувваҳои мусаллаҳ, таҳкими амнияту субот дар кишвар ва марзҳо бо Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ зоҳир гардид.

Имрӯз ҳамчунин дар назар аст Николай Бордюжа, дабири кули Созмони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), бо Эмомалӣ Раҳмон вохурда, масоили амниятӣ вобаста ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014-ро баррасӣ кунанд.