Мақомоти умури дохилӣ мегӯяд қотли Меҳрдод Муҳаммади 27 соларо дастгир кардаанд. Ба гуфти ин ниҳод Ҳомид Нусратови 48 сола, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Панҷро бо гумони даст доштан ба қатли Меҳрдоди Муҳаммад боздошт кардаанд. Манбаъ афзуд, ки рӯзи 21 августи соли 2013 дар ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи Панҷ байни ин ду нафар муноқиша рух медиҳад ва Ҳомид Нусратов бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи Меҳрдоди Муҳаммад, мезанад. Дар натиҷа Меҳрдоди М. ҷароҳат бардошта, дар роҳ ба беморхона бурдан ба ҳалокат мерасад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.