Дар Русия аз рӯзи душанбе, 19 август, татбиқи қонуне шурӯъ шуд, ки бар пояи он мансабдорон барои ҳисоби бонкӣ дар хориҷи кишвар ҳақ надоранд. Мӯҳлати семоҳаи муқарраршуда барои мансабдорон оид ба лағви ин ҳисобҳо ё истеъфо аз мақоми давлатӣ ба поён расид.
Ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, нафаре аз мансабдорони дафтари раисиҷумҳур ё дафтари ҳукумат барои истеъфо ба далели доштани ҳисоби бонкӣ дар хориҷа ариза нанавиштааст. Баъд аз қабули қонун фақат муовини вазири мухобирот Денис Свердлов аз мақомаш истеъфо дод. Шӯрои Федератсияро чанд тан аз сенаторҳо, ки дар хориҷа ҳисоби бонкӣ доранд, тарк намуданд. Бархе аз вакилони Думаи давлатӣ ҳам аз ваколатҳои худ даст кашиданд, аммо инро бо дигар сабабҳо рабт доданд.
Манъи доштани ҳисобҳои бонкӣ дар хориҷи кишвар – гоми навбатӣ дар мубориза бо фасод дар мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Бар пояи қонун, мансабдорони давлатӣ бояд ҳамасола аз даромадҳои худ, молу амвол ва харидҳои бузургашон ҳисобот диҳанд.