Волидон дар ростои интихоб. Савод ё худшиносии миллӣ?

Мактаби русии шумораи 14-и шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Бисёр волидон бовар доранд, ки таълиму тадрис дар мактабҳои русӣ бамаротиб беҳтар аз мактабҳои тоҷикӣ аст. Аммо аз як тамоюл нигаронанд.
Волидон мегӯяд таълим дар макотиби русӣ барои ояндаи бачаҳо муфид аст ва дари донишгоҳҳои муътабарро ба рӯи онҳо боз мекунад. Аммо боз ҳам як гӯшаи дигашон хиҷил аст, ки мабодо мактаби русӣ бачаҳоро аз реша ва суннатҳояшон дур кунад. Дар ростои интихоб паллаи тарозу гоҳо ба ин тараф тоб мехурад гоҳо ба тарафи дигар.

Нурулло Мақсадов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, "ман худам дар мактаби миёна бо забони тоҷикӣ хонда будам ва ҳангоми таҳсил дар донишгоҳи техникӣ бароям душворӣ пеш омад. Ба ин хотир фарзандамро дар мактаби русӣ гузоштам. Забони тоҷикӣ забони илм нест, ба забони тоҷикӣ адабиёти хуб пайдо кардан душвор аст».

Ҷонибдорони таҳсили бачаҳои тоҷик дар мактабҳои русӣ бар инанд, ки сатҳи таълим дар ин мактабҳо беҳтар аст, зеро муаллимони рус масъулиятшиносу серталаб ҳастанд ва волидон мехоҳанд фарзандашон дониши хуб гирад.

Абдувоҳиди Зевар, котиби масъули маҷаллаи «Чашма».

Абдувоҳиди Зевар, котиби масъули маҷаллаи «Чашма», ки се фарзандаш дар мактаби русӣ таҳсил мекунанд, таъкид бар он дорад, ки бачаҳое, ки дар мактабҳои русӣ мехонанд, ахлоқашон беҳтар ва ҷаҳонбинии кӯдакон фарохтар мешавад: «Бубинед, ҳар рӯз аз забони хонандагони мактабҳои тоҷикӣ алфози фаҳшу дурушт мешунавем, байни мактабҳо ҷанҷолҳо мешавад. Аммо тарбияи бачаҳое, ки дар мактабҳои русӣ мехонанд, тамоман дигар аст».

Аммо соҳибназарон бар чунин андешаанд, ки ба забони бегона таҳсил кардани фарзандон метавонад ба худшиносии миллии онҳо таъсири бад расонанд ва онҳоро аз таъриху фарҳанг ва суннати аҷдодиашон дур созад. Ҳамзамон ин бачаҳо аз омӯзиши амиқи забони адабии тоҷикӣ дар канор хоҳанд монд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мактабҳои русӣ куҷо шуданд?



Шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ борҳо дар мақолаҳояш аз таҳсили густардаи кӯдакони тоҷик дар мактабҳои русӣ бонги изтироб зада, ин равандро барои ояндаи миллат хатарзо унвон карда буд.«Дар замони шӯравӣ агар кӯдак забони русиро намедонист, ӯро ба мактаби русӣ қабул намекарданд. Таъкид мекарданд, ки надонистани забон метавонад дар рушди умумии кӯдак, ҳолати равонӣ ва ҷаҳонбинии ӯ таъсири манфӣ расонад. Дар азхудкардани дарс ба забони бегона ӯ дучори мушкилӣ мешавад, зеро монеаи забонӣ вуҷуд дорад. Ҳоло дар синфҳои русӣ русҳо ангуштшуморанд. Кӯдак дар чунин мактабҳо гоҳ ба забони русӣ ҳарф мезанад, гоҳ ба тоҷикӣ ва билохира ҳеҷ кадом забонро дуруст намеомӯзад. Ин на танҳо барои бачаҳо, балки барои миллат ҳам зарар дорад», - ибрози назар карда буд ин донишманди тоҷик.

Аммо мардуми огоҳ бар инанд, ки бохтан ё нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ба тарбияи хонаводагии ҳар инсон рабт дорад.

Адабиётшинос Валӣ Самад мегӯяд, «агар падару модар фаросат ва ҷавҳари миллӣ дошта бошанд, фарзандашон ба русӣ ва инглисӣ хонад ҳам, рӯҳия ва ормони миллиашро нигоҳ медорад. Се писари худи Муҳаммадҷони Шакурӣ бо вуҷуди рус будани модарашон ва русиву инглисӣ таҳсил карданашон ба тоҷикӣ хеле зебо ва табиӣ ҳарф мезананд. Дар навиштаҳояшон нисбати душманони тоҷик, пантуркистон хирадмандона садо баланд мекунанд ва армонҳои миллии тоҷиконаашонро ба забони русӣ ҳифз мекунанд».

Воқеан, ҳангоми сӯҳбат ба Радиои Озодӣ чандин нафар аз аҳли зиё ва ба истилоҳ, посдорони аслии забони тоҷикӣ ҷонибдории худро аз таҳсили бачаҳояшон дар мактабҳои русӣ изҳор доштанд. Далели аслии ин гурӯҳ он аст, ҳоло муҳоҷират ба яке аз рукнҳои аслии зиндагии мардуми тоҷик табдил ёфтааст ва барои нафаре, ки забони русиро намедонад, берун аз ҳудуди Тоҷикистон душвор хоҳад шуд. Дар худи Тоҷикистон ҳам ниёз ба мутахассисони донандаи забони русӣ хеле зиёд аст. Аммо ба андешаи онҳо, забони русиро танҳо дар мактабҳои русӣ хуб омӯхтан мумкин аст.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди мактабҳои русӣ солҳои охир коҳиш ёфтаву дар як синф беш аз 40 хонанда таҳсил мекунанд ва ба назари коршиносон, ин ҳолат наметавонад ба раванди таҳсил таъсири манфӣ надошта бошад.

Ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон ҳоло дар шаҳри Душанбе 4, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2, вилояти Суғд 9 ва вилояти Хатлон 2 мактаби таълимоташон ба забони русӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар 91 мактаби дигар таълим дар баробари забони тоҷикӣ ба забонҳои ғайр, мисли русӣ, инглисӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон борҳо вазорати маориф аз нарасидани муаллимони русӣ дар мактабҳо садо баланд карда буд. Бахусус шумораи омӯзгороне, ки дар синфҳои болоӣ аз фанҳои гуногун ба забони русӣ дарс гӯянд, кофӣ нест.

Танҳо дар литсею гимназияҳои бонуфузе мисли «Ҳотам ПВ», «Пӯлодов» ва «Литсейи кӯдакони болаёқат» омӯзгорони баландпояи русзабон тадрис медиҳанд, ки ба иллати гарон будани қимати таҳсил, на ҳама имкон доранд, дар ин мактабҳо таҳсил кунанд. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, бо таҳсил дар мактабҳои русӣ, бархе бачаҳо аз ин мондаву аз он ронда шаванд, ки ба ин нукта шодравон Муҳаммадҷони Шакурӣ ишора карда буд.