Муовини пулиси як ноҳияи Маскав боздошт шуд

Додгоҳи Пресненскийи Маскав рӯзи чаҳоршанбе дастур дод, ки Станислав Соловёв-муовини раиси пешини шӯъбаи пулиси ноҳияи Очаково-Матвеевский боздошт шавад. Вай барои гирифтани ришва аз тоҷирони бозори Матвеев гунаҳгор дониста мешавад. Соловёв гуноҳи худро эътироф кардааст.

Соловёв ва ду ҳамкори дигараш ҳангоми ҳамла ва лату кӯби капитани пулис Антон Кудораяшов дар бозор саҳлангрӣ кардаанд. Ин задухӯрд 27 июл рух дода буд ва дар он як тоҷири доғистонитаборро гунаҳгор медонистанд.

Баъд аз ин моҷаро дар бозори Матвеев ва бозорҳои дигари Маскав ва атрофи он амалиёти густардаи боздошти муҳоҷирон оғоз шуд ва чанд рӯз давом кард. Ҳоло барои нигаҳдории ин муҳоҷирон дар Голяново барои 5 ҳазор нафар боздоштгоҳи хаймаӣ дуруст кардаанд ва мегӯянд, ки дар он ҷо муҳоҷирони ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешаванд.