Нерӯҳои амниятии Яман дар робита ба эҳтимоли ҳамлаи террористӣ аз сӯи шабакаи “Ал-Қоида” дар ҳоли омодабош қарор гирифтанд. Дар пойтахт – шаҳри Санъо дар канори сафоратхонаҳо, биноҳои ҳукуматӣ ва фурудгоҳ низомиён мустақар шудаанд.
ИМА, ки аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ фаъолияти даҳҳо сафоратҳои худ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқоро мутаваққиф кардааст ва ҳамчунин Бритониё тасмим гирифтанд, ки дипломатҳои худро ба ҷойҳои амн кӯчонанд ва аз шаҳрвандонашон хостанд то фавран Яманро тарк намоянд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯи телефонии раҳбари “Ал-Қоида” Аймон Ал-Завоҳирӣ ва раҳбари бахши ямании Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабистон Носир ал-Ваҳиширо дастрас кардааст, ки бар пояи он террористҳо ҳадафаи ҳамла ба муассисаҳои амрикоӣ дар минтақаро доранд.
Намояндаи ҳукумати Яман дар бораи хунсо кардани нақшаи ифротгароҳо барои тарконидани лӯлаи интиқоли нафт ва барои таҳти назорат гирифтани шаҳрҳои калидӣ хабар дод.