Додситонии ҳарбии Суғд як додраси додгоҳи ҳарбиро барои пешниҳоди ришва ба муфаттиши додситонӣ, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст.
Бино ба маълумоти афроди наздик ба тафтиши ин қазия, додситонии ҳарбии Суғд ахиран алайҳи Муродҷон Соҳибов, додраси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд мутобиқи банди 320 – уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳоми “додани пора” парванда боз кардааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Соҳибов аз падари як айбдоршаванда, ки бозбинии парвандаашро бар ӯҳда дошт, бо ваъдаи сабук кардани ҷазо пул гирифта, 300 доллари онро ба корманди додситонии ҳарбӣ Шӯҳрат Бадалов пешниҳод кардааст. Вале аз ҷониби кормандони додситонӣ боздошт шудааст.
Сафаралӣ Мирзоев, додситони ҳарбии Суғд рӯзи 7 август ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ҳоло тафтиши қазия давом дорад.
Як манбаъи наздик ба тафтиши ин парванда, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, додситонии ҳарбии Суғд ҳоло парвандаи алайҳи додрас Соҳибовро дар ихтиёри додситонии ҳарбии Тоҷикистон гузоштааст. Ба гуфтаи вай, рӯзҳои наздик муфаттиш тафтиши парвандаро аз сар хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи як манбаъ дар додгоҳи ҳарбӣ, Муродҷон Соҳибов то замони анҷоми тафтиши парванда ба шарти берун нарафтан аз маҳали зисти худ дар озодӣ қарор дошта. Вале аз вазифааш сабукдӯш карда шудааст.Банди 320, қисми 1 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “додани пора шахсан ба шахси мансабдор ё аз тариқи миёнарав” то 3 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.
Абдураҳим Беков, раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, аз раҳи қазия худдорӣ кард ва “дипломатона” гуфт, ҳодисаи боздошти додрас Соҳибовро баъдтар “пурра шарҳ хоҳад дод.”
Бино ба маълумоти Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли 2013 6 корманди додгоҳҳо ва вазорати адлия дар ин минтақа бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Ин афрод ҳамагӣ бо гумони гирифтани пора ва ё фасоди молӣ боздошт шудаанд, вале додраси ҳарбӣ Соҳибов баръакс ба “додани пора” муттаҳам мешавад.
Ҳарчанд ҳарсола даҳҳо нафар бо ҷурми ришвахорӣ боздошту зиндонӣ мешаванд, вале додрас Соҳибов аз ангуштшумор ходимони давлатист, ки ба гумони додани пора дастгир шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳамкоронаш дар бораи вай бо эҳтироми самимӣ ҳарф мезананд ва мегӯянд, як ҷавони ҳудудан 35-солаи дорои маълумоти ҳуқуқшиносӣ ва бопарҳез буд ва бо иттиҳоми ришвадиҳӣ боз шудани парванда нисбати ӯ ба назарашон мармуз ба назар мерасад.