Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cари муовини раиси додгоҳи Бадахшонро 1000 $ "хӯрд"


Даромадгоҳи додгоҳи Бадахшон
Даромадгоҳи додгоҳи Бадахшон

Муовини раиси додгоҳи вилояти Бадахшон Ҳазратуллоҳ Иброҳимов ба гирифтани ришва ба маблағи 1000 доллар айбдор мешавад.

Муовини раиси додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Ҳазратулло Иброҳимов бо иттиҳоми ришватситонӣ боздошт шуд. Сардори бахши тафтишоти раёсати оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Бадахшон Азамат Наврӯзқулов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муовини раиси додгоҳи вилоятӣ субҳи 6 август аз ҷониби кормандони раёсати Оҷонсӣ дар утоқи кориаш ҳангоми ситондани ришва ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ аз шаҳрванд Қаниев Қиматшо дастгир шуд.

Оқои Азамат Наврӯзқулов гуфт: “Дар асоси муроҷиати шаҳрванд Қаниев Қиматшо аз тарафи ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 1000 доллари амрикоӣ муовини раиси додгоҳи Бадахшон Иброҳимов Ҳазратулло Исмоилович дар утоқи кориаш дастгир гардид.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
Линки мустақим


Азамат Наврӯзқулов афзуд, Қаниев Қиматшо, собиқ мудири мактаб аз ноҳияи Рӯшон буда, соле қабл додситонии ноҳия бо иттиҳоми исрофи маблағҳои буҷа алайҳаш парванда боз карда буд. Ин парванда ахиран ба додгоҳ ирсол шуд, вале муовини раиси додгоҳи вилоят бар ивази 1000 доллар ришва ба ӯ ваъда додааст, ки қазияро ба нафъаш ҳалл хоҳад кард.

Ҳазратулло Иброҳимов то интисобаш ба мақоми муовини расии додгоҳи вилояти Бадахшон дар Додгоҳи олӣ фаъолият мекард. Ду сол қабл, вақте як гурӯҳи ҷавонон додрасҳои Бадахшонро ба порхӯрӣ айбдор карда, бинои додгоҳи вилоятӣ ва шаҳриро мавриди ҳамла қарор доданд, Иброҳимов ҳамчун корманди пуртаҷриба ба манзури таҳкими низоми додгоҳии вилоят ба Бадахшон фиристода шуд ва дар ин ҷо ба симати муовини аввали раиси додгоҳи вилоятӣ кор мекард.

Феълан Ҳазратуллоҳ Иброҳимов дар боздошгоҳи муваққатии раёсати Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG