Гурӯҳи нозирон мегӯянд, ки рӯзи панҷшанбе дар инфиҷори амбори аслиҳаву муҳимот дар минтақаи Ҳумси Сурия 40 нафар кушта 120 нафар захмӣ шудаанд. Ин инфиҷор дар натиҷаи партоби мушаке аз ҷониби шӯришиён рух додааст.
Гурӯҳи нозирони Сурия барои ҳуқуқи башар мегӯяд, пеш аз ин инфиҷор нируҳои ҳукуматӣ рӯзи душанбе ноҳияи Халдияи Ҳумсро ба тасарруфи худ дароварда буданд. Дар давоми ду соли ахир ин минтақа дар дасти шӯришиёни аслан суннӣ қарор дошт.
Мушакҳо ба ноҳияҳое афтодаанд, ки дар он ҷойҳо аслан ҷамъияти Алавитиҳои президент Башор Асад зиндагӣ мекунанд. Яке аз сокинон гуфтааст, мушакҳо то андозае қаввӣ будаанд, ки девори биноҳоро афтондаанд.