Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо Навоз Шариф, нахуствазири тозаинтихоби Покистон, дар Исломобод мулоқот кард. Баъди ба қудрат расидани ҳукумати нав дар Покистон дар интихоботи моҳи май, бори аввал аст, ки Ҷон Керрӣ ба Исломобод меояд. Қарор аст, ӯ бо дигар мақомоти баландпоя ва фармондеҳони артиши Покистон низ дидору гуфтугӯ кунад. Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри баёнияе гуфт, Ҷон Керрӣ дар мулоқотҳояш аз ҷумла ба тақвияти амнияту иқтисоди Покистон ва таҳкими муносиботи мардуми байни ду кишвар” таммаркуз хоҳад кард. Равобити Амрикову Покистон солҳои ахир осеб дидааст ва бахусус дар робита ба масъалаи Афғонистон. Амрико умедвор аст, ки Покистон дар эҳёи раванди мусолиҳа миёни Толибону ҳукумати Афғонистон нақши мусбат ифо кунад. Ҳукумати Амрико нагуфтааст, ки Ҷон Керрӣ, чанд дар рӯз дар Покистон мемонад.