"Дарбадарӣ" фарзандони муҳоҷиронро сангдил мекунад

Акс аз бойгонӣ

Яке аз сабабҳои афзудани азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон аз тарбияи волидон дур мондани ҷавонон гуфта мешавад.
Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назди бобову бибӣ ваё аммаву хола тарбият гирифтани фарзанд арзишҳои як оилаи суннатиро камтар мекунад. Ба бовари ӯ, фарзанд бояд дар хонаводаи солим ва дар назди волидон ба воя расад, то муқаддас будани мафҳуми оиларо дарк кунад.

Ҳангоме наврас мебинад, ки бе падару модар ба воя расидан мумкин аст, ӯ ба хулосае меояд, ки дар тарбияи фарзанд саҳми падар ё модар зарурӣ нест. «Мо сабаб мекобем, ки чаро оилаҳои ҷавон зуд вайрон мешаванд? Яке аз сабабҳояш маҳз набудани падару модар аст, зеро кӯдак аз хурдӣ эҳсос намекунад, ки оила муқаддас аст. Падару модар бояд якҷо зиндагӣ кунанд,» - меафзояд ин равоншинос.

Зарина Кенҷаева мегӯяд, тарбияи бобову бибӣ танҳо дар сурати будани волидон ба кӯдак ёрӣ мерасонад. Дар сурати ғайр, кӯдак суханҳои сахти бобову бибиро нисбат ба худ ҳамчун зӯроварӣ ва нишонаи дӯст надоштанашон қабул мекунанд.


Сумангул Тағоева

Ахиран Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи зан ва оилаи Тоҷикистон гуфт, тайи ним соли гузашта беш аз 4 100 хонавода расман аз ҳам ҷудо шудаанд.

Соҳибназарон як сабаби аз тарбияи падару модар дур мондани кӯдакон ё дар тарбияи бобову бибӣ гузоштани онҳоро дар раванди муҳоҷират мебинанд, ки дигар нафақат қишри мард, балки занҳои тоҷикро низ ҳарчӣ бештару бештар фаро мегирад. Нозук Шарифова, як омӯзгори тоҷик мегӯяд, агар чанд сол пеш аксари хонандагон аз набудани падар дар оилаашон рӯҳшикаста буданд, имрӯзҳо бо сабаби набудани модар низ азоби рӯҳӣ мекашанд.

Ба қавли хонум Шарифова, хонандагон орзуҳои ширини кӯдаконаи худро як сӯ гузошта, дар орзуи расидан ба дидори падару модари худ мебошанд: «Дар мактаб мебинам нафаронеро, ки дар оилаашон ё падар ва ё модарашон нест, дигаргунаанд. Онҳо ё аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ мекашанд ё дилшикаста ва асабиад ва хуб дарс хонда наметавонанд. Кӯдак ба ҷои он ки дар бораи дарсу орзуҳои неки ояндааш фикр кунад, андеша мекунад, ки падарам дар наздам бошад. Табъан дар фикри дарс нест чунин кӯдак.»

Нозук Шарифова меафзояд, ки аз чеҳраи баъзе кӯдакон маълум мегардад, онҳо бо тақдирашон «даст ба гиребон» мебошанд.

Хуршед, ки 20 сол дорад ва аз 9-солагӣ дар чанд муҳити хонаводагӣ ба воя расидааст, мегӯяд, «дарбадарӣ» одамро хело сангдил мекунад. Ва кӯдак худро зудтар калонсол эҳсос менамояд. Ӯ мегӯяд, замоне модараш таркашон карда рафт, ҳатто «ханда»-и ҳамсолонаш гирён ва рӯҳшикастааш мекард: «Ҷудо шудани падару модарам ҳамин хел таъсир расонд, ки замони нав ҷудо шуданашон ҳамеша зиқ будам. Онҳо нисбати мо бепарво буданд. Ба мо касе аҳамият намедод. Аз ҷиҳати хӯрдану пӯшидан ваё дарс рафтан.»

Хуршед мегӯяд, даврони дар муҳоҷират будани падараш бештар аз ҳама «таъна»-и ҳамсолон барои ӯ аламовар буд, ки ба бепадариву бемодарии ӯ механдиданд.


Тибқи омори расмӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 551 209 нафар ба муҳоҷират рафтаанд, ки ҳудуди 82 ҳазори онро занон ташкил медиҳад. Омори расмӣ ҳокист, ки ҷамъи умумии муҳоҷирон имсол 72 ҳазор нафар ё тақрибан 13 фоиз афзудааст. Вале ин рақам барои занони муҳоҷир дар соли равон 30 500 ё тақрибан 40 дарсадро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, аксаран занҳое ба муҳоҷират мераванд, ки хонаи хусусӣ надоранд ва соҳиби ду ва ё зиёда аз се кӯдаканд.