Иля Сегалович, яке аз муассисони торнамои русии Яндекс дар синни 48 солагӣ даргузашт. Ба иттилои дафтари матбуоти Яндекс, Иля Сегалович, рӯзи шанбе дар бемористоне дар шаҳри Лондон ҷон дод ва маросими дафнаш рӯзи якуми август баргузор мешавад. Ӯ ки гирифтори бемории саратони сар буд, дар шаҳри Лондон табобат мегирифт ва рӯзи 25 июл мағзаш аз кор монд ва то кунун тавассути дастгоҳҳои тиббӣ зинда нигаҳ дошта мешуд. Бемории Иля Сегаловичро моҳи сентябри соли 2012 ошкор карданд. Ӯ мудири фаннии ширкати Яндекс буд. Торнамои ҷустуҷӯии Яндекс чаҳорумин торнамои пурбинандаи бузург дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар Русия дар мақоми аввал аст. Ҷасади Иля Сегаловичро рӯзи 31 июл ба Русия бармегардонанд.