Дар Тунис рӯзи панҷшанбе, баъд аз куштори яке аз раҳбарони мухолифини дунявӣ Муҳаммад Иброҳимӣ, намоишҳои зиддиҳукуматӣ шурӯъ шуданд. Дар шимоли пойтахт – шаҳри Тунис садҳо нафар дар назди бемористоне ҷамъ омаданд, ки Иброҳимиро баъди сӯиқасд ба он ҷо оварданд. Онҳо хостори аз қудрат барканор кардани ҳизби исломии ҳукмрони “Ан-Наҳда” шуданд. Садҳо нафари дигар дар назди бинои вазорати умури дохилӣ дар маркази пойтахт гирди ҳам омаданд. Намоишҳои эътирозӣ дар шаҳри Сиди-Бузид, зодгоҳи Иброҳимӣ, ҳам идома доранд.
Муҳаммад Иброҳимӣ ҳамоҳангсози Ҳаракати мардумӣ ва аъзои Маҷмааи миллии конститутсионӣ буд.
Муҳаммад Иброҳимӣ ҳамоҳангсози Ҳаракати мардумӣ ва аъзои Маҷмааи миллии конститутсионӣ буд.