Додситонҳои Фаронса тафтиши муқаддамотии рафтори шаҳрдори Чолетро оғоз кардаанд, ки гӯиё ба гурӯҳе аз лӯлиён гуфтааст, ки “Гитлер онҳоро ба қадри кофӣ накуштааст”. Гуфта мешавад, ки Гиллес Бордолю рӯзи якшанбе бо гурӯҳе аз лӯлиён дар наздикии шаҳри Чолет даъво карда ва зери лаб чунин гуфтааст. Нашри сабти гуфтаи ӯ аз тариқи расонаҳо, ғавғоеро дар саросари Фаронса барангехт. Гиллес Бордолю, ки узви палатаи поёнии порлумон аст, мегӯяд, ки суханони ӯро таҳриф кардаанд. Дар сурати собит шудани иттиҳомот, метавонанд, Гиллес Бордолюро барои “тарафдорӣ аз ҷиноят алайҳи башарият” то 5 соли зиндон маҳкум карда ва 45 ҳазор евро ҷарима банданд.