Ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки ҷиноҳи низомии Ҳизбуллоҳ ё гурӯҳи шиаёни Лубнонро ба феҳристи созмонҳои террористӣ дохил кунанд. Рӯзи душанбе вазирони корҳои хориҷаи 28 кишвари узв дар ҷаласаи худ дар Бруссел ба иттифоқи оро дар ин бора тасмим гирифтанд.
Дохил кардани ин гурӯҳ ба феҳристи созмонҳои террористӣ ба ин маъно хоҳад буд, ки ба баъзе шахсон ба ин кишварҳо виза ё раводид содир намекунанд ва дороии созмонҳо ва ононе, ки бо ин гурӯҳ иртиботу ҳамкорӣ доранд, барои истифода мамнуъ эълон хоҳад шуд.
Ҷиноҳи мусаллаҳи Ҳизбуллоҳ, ки бо Эрон робитаи наздик дорад, дар бамгузории соли гузашта дар сафоратхонаи Исроил дар Булғористон муқассир дониста мешавад, дар кишваре, ки узви Иттиҳодияи Аврупо мебошад.