Узбакистон аз ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Алиҷон Маҳмудов, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири вилояти Суғд рӯзи душанбеи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "мо хоҳони ҳамкории судманд бо мақомоти зирабти Узбакистон дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир ҳастем ва борҳо ба ҷониби кишвари ҳамсоя бо нома муроҷиат ҳам кардем, аммо онҳо боре ҳам посухе надоданд ва аз ҳамкорӣ дар ин росто худдорӣ мекунанд".
Ин ҳам дар ҳоле, ки тариқи шабакаҳои телевизионии Узбакистон, ин кишвар "муборизи маводи мухаддир" ба намоиш гузошта мешавад ва ҳатто аз мавориди боздошти қочоқбарони маводи мухаддири тоҷик ҳам гузоришҳо пахш мешавад. Зимнан, Тоҷикистон бо Узбакистон дар тӯли 1300 километр марзи муштарак дорад.