Гуштигири ҷавони тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия дар риштаи самбо соҳиби медали нуқра гардид.
Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар даври 1/16 ниҳоӣ бар рақибаш Нико Хорват аз Словения бо ҳисоби 12:0 пирӯз шуд. Баъдан ӯ дар даври чорякниҳоӣ бо Валентин Ҷордан аз Фаронса қувваозмоӣ кард, ки он бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бо тасмими доварон Комроншоҳ ғолиб дониста шуд.
Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бар гуштигири Узбакистон Сӯҳроб Остонаев ғалаба карда, ба финал баромад. Вале Комроншоҳ дар даври ниҳоӣ аз варзишгари Русия Павел Румянсев бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва мақоми дувумро касб намуд.
Комроншоҳи Устопириён 7-уми январи соли 1993 дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар оилаи паҳлавонон Устопириён ба дунё омада, ба камол расидааст. Устодони вай падару бародараш мебошанд. Падараш Усто Устопиров, Мураббии шоистаи Тоҷикистон, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни устодон аст. Бародараш Фаридун Устопирови 30-сола қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар навъи самбои размӣ мебошад.
Комроншоҳ то синфи 6-ум дар мактаби миёнаи рақами 10-и деҳаашон мехонд ва дар толори варзишии «Кохи Ланглиф» машқ мекард. Баъдан таҳсилро дар мактаби хусусии ба номи Рустамови шаҳри Хуҷанд давом додааст. Сипас мактаб-гимназияи русии рақами 13-и ба номи Максим Горкийи Хуҷандро хатм кардааст. Феълан донишҷӯи соли севуми факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Комроншоҳ қаҳрамони 10-каратаи Тоҷикистон, аз он ҷумла 5 карат дар намуди самбо, 3 бор дар риштаи дзюдо ва 2 маротиба оид ба гуштии миллист. Ҷоизадори чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар соли 2009. Аз соли 2010 то соли 2012 секарат қаҳрамони ҷаҳон ва секарат қаҳрамони Осиё миёни наврасону навҷавонон оид ба самбо гардидааст.
Вай дар риштаи дзюдо низ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Бахусус соли 2012-ум барояш соли бобарор буд. Дар чемпионати Осиё дар Тайван миёни навҷавонон барандаи медали биринҷӣ гардида, ҳамчунин дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб шудааст.
Комроншоҳи Устопириён имсол дар Ҷоми Аврупо миёни навҷавонон, ки дар Киеви Украина барпо гардид, медали тилло ба даст овард. Вай ҳамчунин дар авоили моҳи май дар мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Хасавюрти Доғистон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Комроншоҳ моҳи июн дар мусобиқаи қитъавӣ байни ҷавонон ва дар мусобиқаи ҷаҳонӣ миёни ситораҳои самбо дар Тошканд дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг ғолиб шуд ва бо ду медали тилло сарфароз гашт.
Комроншоҳи Устопириён баТоҷикистон медали чорумро овард. Ёдовар мешавем, ки се медали мунтахаби Тоҷикистонро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар сабқати гуштии камарбандӣ ба даст оварданд.
Абдуазим Бойназарови 20-сола дар рақобатҳо дар вазни то 68 кг бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни то 62 кг байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Мирови 21-сола бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева, ки 22-юми сентябр 20-сола мешавад, дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона, ки дар Қазони Русия то 17-уми июл идома меёбад, то ҳоло варзишгарони 64 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд. Мунтахаби Русия бо касби 205 медал (102 тилло, 55 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад. Ҷопон (19+20+23) дар ҷойи дувум ва Чин (16+22+12) дар ҷойи севум қарор доранд.
Дар байни 10 дастаи пешсаф, инчунин, Кореяи Ҷанубӣ (15+7+9), Украина (11+20+24), ИМА (7+11+9), Африқои Ҷанубӣ (6+3+4), Австралия (6+3+3), Беларус (4+5+6) ва Лаҳистон (4+5+8) ҷойгир шудаанд.
То ҳоло варзишгарони 40 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 64 кишваре, ки соҳибони медалҳо гардидаанд, бо 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми 41-ум ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон, Узбакистон , Туркманистон ва Қирғизистон дар мақоми аз ҳама поён қарор дорад.
Мавқеи кишварҳои собиқи шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 1. Русия (102+55+48). 5.Украина (11+20+24), 9. Беларус (4+6+6). 15. Озарбойҷон (3+4+5). 18. Литва (3+1+2). 20. Қазоқистон (2+9+11). 21. Узбакистон (2+7+9). 24.Туркманистон (2+3+7). 26. Қирғизистон (2+2+7). 32. Арманистон (1+2+1). 41. Тоҷикистон (0+2+2). 42. Молдова (0+1+10). 44. Латвия (0+1+2). 55. Эстония (0+0+1). Танҳо як кишвари собиқи шӯравӣ – Гурҷистон то ҳоло медал нагирифтааст.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, дзюдо, варзиши сабук, гуштии озод ва шиноварӣ ноком шуда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.
Имрӯз, 14-уми июл, ду варзишгари тоҷик – Сӯҳроб Муъминов (52 кг) ва Мустафо Ҳасанов (68 кг) дар риштаи гуштии самбо ноком шуданд. Сӯҳроб баъди ду пирӯзӣ бар рақибаш аз Салвадор дар чорякфинал аз гуштигири Озарбойҷон мағлуб шуд. Мустафо бошад, бо гуштигири Узбакистон Сорбон Эрназаров дар даври муқаддамотӣ рақобат кард, ки он бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Бо тасмими доварон гуштигири узбак ғолиб дониста шуд.
Дар мусобиқаи самбо рӯзҳои 15-16-уми июл варзишгарони тоҷик дар шаш вазни дигар рақобат мекунанд. Рӯзҳои 15-16-уми июл мусобиқа дар риштаи гуштии юнониву румӣ барпо мегардад.
Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар пойтахти Тотористон, ки бо ширкати варзишгарони 162 кишвар баргузор шудааст, то рӯзи 17-уми июл идома хоҳад кард. Варзишгарони донишҷӯ дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 9 рӯзи мусобиқот аз 351 маҷмӯи медалҳо 246 маҷмӯи медалҳоро соҳибӣ карданд.