Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои варзишӣ байни занону мардон, наврасону навҷавонон, писарону духтарон ва оид ба самбои размӣ миёни мардон, инчунин, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни “ситораҳо”-и самбо дар пойтахти Узбакистон бо ширкати 385 варзишгар (аз он ҷумла 115 нафарашон занону духтарон) аз 28 кишвари Осиё, Аврупо, Африқо, Австралия ва Уқёнус баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 18 гуштигир аз вилояти Суғд бо роҳбарии мураббиён Усто Устопириён, Шӯҳрат Олимов ва Илҳом Солеҳов намояндагӣ карданд.
Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар мусобиқаи қитъавӣ байни ҷавонон ва дар мусобиқаи ҷаҳонӣ миёни ситораҳои самбо ғолиб шуд ва бо ду медали тилло сарфароз гашт.
Комроншоҳ баъди бозгашташ аз Тошканд дар як тамоси телефонӣ аз шаҳри Хуҷанд ба радиои Озодӣ гуфт: “Ман дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон бар ду рақибам – Айтам Хоҷамаҳмадов аз Туркманистон ва Болот Токтогонов аз Қирғизистон пирӯзӣ ба даст оварда, ба финал баромадам. Дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири Узбакистон Азизбек Ҳотамовро шикаст додам ва ба унвони қаҳрамони Осиё миёни ҷавонон даст ёфтам. Баъдан дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни “ситораҳо”-и самбо иштирок кардам. Баъди се ғалаба бар Мерган Тегенови туркман, Сардор Шаврикови узбак ва Виктор Кудряшови русиягӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам. Рақиби ман дар финал паҳлавони Афғонистон Забеҳуллоҳ Раҳматзода буд. Ӯро мағлуб кардам ва қаҳрамони ҷаҳон байни “ситораҳо”-и самбо шудам.”
Барномаи "Ҷаҳони варзиш"-и Радиои Озодӣ қаблан бо Комроншоҳи Устопириён як сӯҳбати муфассале дошт, ки метавонед инҷо шунавед.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Олимҷон Авезов дар сабқати ҷаҳонӣ дар намуди самбои размӣ дар вазни то 82 кг бо медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи қитъавӣ бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ Муҳаммадиқбол Ниёзов дар вазни то 52 кг ва Ботуралӣ Валиев дар вазни то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон Фирӯза Ашӯрова дар вазни то 56 кг, Дилбархон Султонова дар вазни то 72 кг ва Мадина Шамсиева дар вазни беш аз 80 кг соҳибони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар мусобиқаи қитъавӣ миёни бузургсолон Далер Ниёзов дар вазни то 82 кг барандаи медали нуқра гардид. Дар сабқати занон Маҳфуза Сатторова ва Саида Додоҷонова дар вазни худ ҷойҳои севумро касб карданд ва ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд. Амирҷон Мансуров дар байни ҷавонон дар вазни то 90 кг ва Баҳодур Назаров миёни наврасон дар вазни то 87 кг бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Зокир Почоев дар мусобиқаи қитъавӣ оид ба самбои размӣ байни мардон дар вазни то 68 кг медали биринҷӣ гирифт.
Бояд гуфт, ки сабқати ҷаҳонии “ситораҳо»-и самбо дар шаҳри Тошканд сар аз соли 2001-ум барои ҳафтумин бор баргузор шуд. Ду сол муқаддам дар ин мусобиқа байни мардон намояндагони Тоҷикистон Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг, Сулаймон Сулаймонов дар вазни то 74 кг ва Фаридуншо Устопиров дар вазни то 100 кг сазовори медалҳои тило шуданд.