Тсарнаев аз эътирофи ҷинояташ сарпечӣ кард

Ҷавҳар Тсарнаев, муттаҳами даст доштан дар таркишҳо дар дави марафонии Бостон, аз эътирофи гуноҳи худ сарпечӣ кард. Изҳороти ӯ рӯзи чаҳоршанбе дар мурофиаи додгоҳи федеролии Бостон садо дод. Дуву ним моҳ Ҷавҳар Тсарнаев, ки дар амалиёти боздошти полис ҷароҳати сангин бардошта буд, таҳти назорати табибон қарор дошт. Баъд аз боздошт ӯ бори аввал дар мурофиаи додгоҳӣ дар маҳзари ом падид омад.

Бар асари таркиш дар хатти ниҳоии дави марафонии Бостон, ки рӯзи 15 апрел ба вуҷӯъ пайваст, 3 нафар кушта ва беш аз 260 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти амниятии Амрико дар ин ҳодиса ду баробари чечен – Темирлан ва Ҷавҳар Тсарнаевҳоро айбдор карданд. Темирлан дар амалиёти боздошти полис ба ҳалокат расид.

Дар толори додгоҳи федеролии Бостон чанд ҷой барои осебдидагон ва пайвандони қурбониёни дави марафонӣ ҷудо шуда буд.