Давлат имконияти бо ҷои кор таъмин кардани ҷавононро надорад. Ин шояд аввалин бор аст, ки як мақоми давлатӣ вазъи мавҷударо тасдиқ ва ба тангдастии ҳукумат иқрор мекунад.
Муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кабирҷон Ҷӯраев дар нишасти хабарӣ гуфт, ҷавонон бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки кишвар бо ин иқтидори иқтисодие, ки дорад, наметавонад, 2 миллиону 700 ҷавонро бо шуғл таъмин кунад.
Ӯ афзуд, «ин мушкилот дар ҷомеа ҷой дорад ва ҳар рӯз мебинем, ки ҷомеа пеш меравад. Аз ин хотир аз ҳукумат талаб кардани он, ки ҷои корро фароҳам биёр, аз рӯи виҷдон ҳам нест. Ман дар баъзе мулоқотҳои хоса бо ҷавонон вақте онҳо мегӯянд барои чӣ ҳукумат ин корро анҷом намедиҳад ё ин, ки мушкилеро ҳал намекунад, ман чунин савол медиҳам, вақте падару модар шуморо хонадор мекунад, аммо бароятон хонаву мошин харида наметавонад, шумо чӣ кор мекунед, оё аз гиребони онҳо медоред? Онҳо дар посух мегӯянд, не, зеро чунин имкониятро надоранд. Пас ман мегӯям, ба давлат низ ҳамин гуна муносибат кардан лозим аст, чун давлат ҳам ин гуна имкониятро надорад.»
Ба бовари Кабирҷон Ҷӯраев, феълан 10 дарсади ҷавонони Тоҷикистон бо мушкилоти мухталифи ҷиддӣ рӯ ба рӯянд ва 90 дарсади онҳо дарк мекунанд, ки ҳукумати кишвар имкони ҳалли масъалаҳои онҳоро надорад. Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки ҳамасола, ҳудуди 150 ҳазор хатмкунанадаи мактабҳои таҳсилоти миёна ва махсус вориди бозори кор мешаванд ва бино бар омори расмӣ, имрӯз ба як ҷойи кори холие, ки дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ сабт шудааст, ҳафт довталаб рост меояд.
Аммо бо ин ҳам ба таъкиди ҷаноби Ҷӯраев, бо вуҷуди он, ки буҷаи Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ камтарин аст, вале боз ҳам талошҳо ба хотири таъсиси ҷойҳои нави корӣ анҷом мешавад. Вай афзуд: ”Худо ба шукр, ки дар ҳар сафари президенти Тоҷикистон аз рӯи имконият корхонаҳои истеҳсолӣ ва коркард бунёд шуда истодаанд ва соле то 10-12 ҳазор дар кишвар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.»
Дар ҳамин ҳол прездинети Тоҷикистон, низ дар паёми имсолаи худ дар мавриди маҳдуд будани имконияти бозори меҳнати Тоҷикистон барои фарогирии нерӯи кор дар кишвар изҳори назар кард ва гуфт, танҳо дар 7 соли ахир дар ташкилоту муассисаҳои будҷавӣ наздики 100 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шудааст.
Вале таҳлилагарон бар инанд, ки боз шудани чандин корхона дар Тоҷикистон, ки дар чанд соли охир бо ширкати раҳбари давлат сурат мегирад, натавонистааст, теъдоди бекоронро дар кишвар камтар кунад. Ба гуфтаи онҳо, аскаран ин корхонакушоӣ танҳо ба хотири худнамоӣ дар ростои кадом ҷашну маросим сурат мегирад ва бо гузашти чанд муддат ин коргоҳҳо аз фаъолият мемонанд. Ба гунаи мисол, корхонаи дӯзандагии Хоруғ, ки соле пеш боз шуда буд, пас аз ду моҳ аз фаъолият монд ва 80 корманди он дигарбора ба сафи бекорон пайвастанд. Ва ё аввалин корхонаи истеҳсолии собун дар Қӯрғонтеппа, ки низ ба истилоҳ бо як шукӯҳи хоса ифтитоҳ гардида буд, ҳамагӣ баъд аз чанд моҳ, муфлис шуд ва кормандонашро ҷавоб дод.
Дар ҳамин ҳол Раҳим Раҳимов, яке аз кормандони корхонаи «Меҳровар»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аслан ба дӯхтани сару либоси низомӣ машғул мебошад, мегӯяд, ин коргоҳ ахиран шумораи кормандонашро аз 110 то бо 40 нафар коҳиш додааст: «Бинобар он, ки Агентии таъиноти махсус бо мо шартнома накард, чанд муддат корхонаи мо аз фаъолият монд ва кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристодем. Теъдодашон аз кор рафтанд. Ҳоло раиси корхона дар фикри он аст, ки чӣ гуна фаъолияти худро идома бидиҳем. Масалан, агар либоси мактабӣ бидӯзем, дар бозор харидор надорад ва чун матоъ худаш бо нархи қимат меояд ва бар замми ин бояд хароҷоти барқу обро бипардозем, гарон меафтад. Аз ин хотир мо ба ҳукумати шаҳр бо мактуб муроҷиат кардем ва умедворем, ки барои фармоиши либосҳои ягонаи мактабӣ дастгирӣ мешавем ва кори худро идома медиҳем. »
Дар ҳамин ҳол Ҷумъахон Алимӣ, таҳлилгарӣ тоҷик мегӯяд, дар шароити феълӣ таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор вазифаи соҳибкорон маҳсуб меёбад ва давлат дар навбати худ бояд шароити мусоиди фаъолиятро барои онҳо фароҳам биёрад.
Ҷаноби Алимӣ мегӯяд, «Мутаассифона, имрӯзҳо аксаран корхонаҳое ташкил карда мешаванд, ки аз 20 то 200 коргар бештар ҷалб кардан наметавонанд, чунки иқтидори корхона ба ин имкон намедиҳад. Аз ҳамин ҷиҳат ман фикр мекунам, бояд ба корхонаҳои калоне, ки шакли ташкиливу идоравии ҳуқуқӣ доранд, ба соҳибкорони калон шароит фароҳам оварда шавад, ки ҳадди аққал то 8- 10 ҳазор қувваро ба кор ҷалб кунанд.»
Ҳамсӯҳбати мо бар ин аст, ки ҳатто корхонаҳои мавҷуда ба таври зарурӣ ҳимоят намешаванд, то бозори устувор пайдо карда, ба рушди тавлид рӯ оваранд.
Бо ин ҳама гуфта мешавад, феълан тибқи омори расмӣ мизони бекорӣ дар Тоҷикистон 13 дарсадро ташкил мекунад ва аммо ба андешаи коршиносон, ин рақам баёнгари воқеияти ҳол нест.