Раёсати гумруки вилояти Суғд ба воридкунандагони автомобил ваъда додааст, ки мушкили онҳоро расидагӣ хоҳад кард. Даҳҳо тан аз соҳибкорони воридкунандаи автомобил чанд рӯз боз дари Раёсати гумруки вилояти Суғдро мекӯбанд то мушкили онҳоро дар заминаи баланд будани боҷи воридотӣ ҳал намоянд.
Ин буд, ки мақомоти Раёсати гумрук рӯзи сешанбеи 9-уми июл ба ин соҳибкорон ваъда кардаанд, ки мушкили воридкунандагони мошинҳоро бо раҳбарият дар миён мегузоранд ва пас аз баррасӣ, посухи ниҳоии худро дар наздиктарин рӯз ба тоҷирон баён хоҳанд кард. Тоҷирони воридкунандаи мошинҳо аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки аз 400 то 800 доллар боло бурдани боҷи гумрукӣ барои воридоти автомобил аз авоили моҳи ҷорӣ, боиси варшикаста шудани фаъолияти тиҷоратии онҳо хоҳад шуд. Зеро ин тоҷирон мегӯянд, ки бе ин ҳам онҳо аз бонкҳо қарз мегиранд ва боло рафтани боҷи гумрукӣ болои "сухта намакоб" хоҳад шуд.