Владимир Путин изҳор намуд, ки Миср дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад. Сарвари Русия, ки бо як сафари корӣ вориди Қазоқистон шудааст, ба хиради мардуми Миср барои роҳ надодан ба ҷанг изҳори умедворӣ кард. Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Русия ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсиро ба хештандорӣ ва парҳез аз хушунат даъват карда буд.
Бино ба хабари дигари марбут ба Миср, Кохи Сафед гуфтааст, ки Амрико дар пайи барканории Мурсӣ, ки аз сӯи Ихвонулмуслимин – бузургтарин ҷунбиши исломии Миср - ҳимоят мешуд, бо ҳеҷ кадом ҳизб ё гурӯҳи сиёсӣ дар ин кишвар дар иртибот нест. Дар изҳорот омадааст, ки маъмурияти Барак Обама “иддаоҳои қалбакиеро, ки бархеҳо дар Миср тарғиб мекунанд, қатъиян рад мекунад”. Манзур сару садоҳоест, ки гӯё Вошингтон “бо аҳзобу ҷунбишҳои сиёсии вижае ҳамкорӣ мекунад, то чӣ гуна ба роҳ андохтани давраи гузариш дар Мисрро таҳмил кунад.” Кохи Сафед ба ин бовар аст, ки “роҳи ояндаи Мисрро танҳо мардуми Миср метавонанд муайян кунанд.”
Бар асари бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифини Мурсӣ дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳои Миср даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.
Шоми чаҳоршанбе, 3 июл, низомиён раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро барканор ва Адлӣ Мансур, раиси додгоҳи Қонуни асосии кишварро раҳбари муваққати Миср таъин карданд. Онҳо ҳамчунин Қонуни асосии Мисрро мутаваққиф ва ваъдаи интихоботи нави парлумониву президентиро намуданд.