Рӯзи сешанбе ҳазорон нафар дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ омада, хостори истеъфои раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ шуданд.Дар нимаи дуввуми рӯз мӯҳлати зарбулаҷали гурӯҳи мухолифи “Тамарруд” ба раҳбари кишвар поён ёфт. Фаъолони ин гурӯҳ гуфтанд, ки агар Мурсӣ аз ваколатҳояш даст набардорад, бо маъракаи нофармонии мардум рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ба иттилои хабаргузории France-Presse, иттиҳодияи мухолифин “Ҷабҳаи 30 июн”, ки ба он чанд гурӯҳу созмон, аз ҷумла, “Тамарруд” шомиланд, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад ал-Барадеиро намояндаи худ дар музокирот оид ба ояндаи кишвар интихоб карданд.
Рӯзи душанбе, баъд аз ҳамлаи эътирозгарон ба дафтари ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” дар Қоҳира низомиёни баландмартаба ба мақомот барои таъмини низом ва ҳалли ихтилофот бо мухолифин 48 соат вақт доданд. Мурсӣ дар посух ба ин изҳороти вазорати дифоъ гуфт, он гуна, ки зарур мешуморад, рафтор хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол панҷ вазир, аз ҷумла, вазири умури хориҷа, ҳукумати Мисрро тарк намуданд.