Муҳоҷирати корӣ, камбуди ғизо ва камҳавсалагӣ дар муроҷиати саривақтӣ ба пизишкон, аз сабабҳои аслии афзоиши шумораи гирифторони сил дар вилояти Хатлон мебошад.
Агар имсол аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 500 муҳоҷири кори хатлонӣ ихроҷ шуда бошад, дар ҷануби кишвар шумораи мубталоёни ин маризии мусрӣ беш аз се ҳазор нафар ҳисоб шудааст.
Давлатмурод, як сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, аз ҷумлаи ҷавонони муҳоҷирест, ки пас аз кашфи бемориаш тавассути пизишкон дар Русия, радди марз шудааст. Вай мегӯяд, шароити бади корӣ дар Русия ва сармои бесобиқа ӯро дучори бемории сил кард, аммо корфармоён ба ҷойи табобаташ, ӯро ба Тоҷикистон «гусел кардаанд»: «Дар 18 рӯзе, ки дар сармои қаҳратун монда будам, сахт бемор шудам. Аз 91 кило ба 61 кило фаромад вазни ман. Ба назди духтур рафтам, бемориамро сил гуфтанд. Кордиҳанда ҳам моро хеле кор фармуд, аммо пули кам дод, ки ба табобат намерасид. Гуфтанд, ки агар ба Тоҷикистон наравӣ, тамоми кормандонро аз кор меронем. Чанд нафарро депорт карданд…»
Давлатмурод ҳоло дар бемористони сили ноҳияи Вахш табобат мегирад. Вай афзуд, ки дар Русия шароити табобати сил барои шаҳрвандони хориҷӣ мушкил аст ва агар имконпазир ҳам бошад, хеле қимати гарон дорад. Тибқи қоида, агар бемории нафаре аз муҳоҷиронро табибон кашф кунанд, ба зудтарин фурсат мақомоти зидахлро хабардор намуда, ба хотири сироят наёфтани шаҳрвандони Русия, онҳоро депорт мекунанд.
Дар феҳрасти мубталоёни сил дар ноҳияи Вахш дар баробари Давлатмурод, ҳамчунин исми беш аз 520 сокини дигари маҳаллӣ сабт шудааст. Беморони ҷавонро агар аз як сӯ вазъи саломатиашон дар ташвиш гузошта бошад, аз сӯйи дигар онҳо меҳаросанд, ки пайдо кардани ҷуфти муносиб акнун барояшон кори сахт хоҳад буд, чун ҳеҷ кас ба бемори сил зан намедиҳад ё ба хостгории духтари мубталои ин беморӣ намеравад.
Наргис, ҷавондухтари 22-солаи маҳаллӣ, таърихи гирифториаш ба бемории силро ёд надорад, аммо мегӯяд, агар маризии ӯ зуд шифо наёбад, ҳама аҳли деҳ аз он хабар ёфта, то охири умр оиладоршавӣ насибаш нахоҳад кард: «Ду-се бор зуком шудам, фикр кардам, ки тез мегузарад. Нагузашт. Бо модарам ба беморхона омадем, ки гуфтанд, марҳилаи аввали бемории сил аст, бояд зуд табобат кард. Доруву дармон харидем. Гуфтанд, ки бояд ҳатман бистарӣ шавӣ. Қабул кардам, аммо ба касе хабар надодем. Аз ин рӯ, ғайр аз падару модарам, дигар касе хабаргирӣ намеояд. Хеле дардам сабук шуд, бояд рӯзҳои наздик ҷавоб диҳанд. Агар чунин бемориро ба ҳама хабар кунӣ, дар қишлоқ зуд «касалӣ» ном мебарорӣ.»
Ҷавондухтари дигаре ҳам аз як рустои Вахш, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, азбаски мардум аз бемории сил ва одамони мубталои ин маризӣ зиёд парҳезу канорагирӣ мекунанд, вай ҳам дар аввал бемориашро пинҳод кардааст. Аммо аҳволаш вахим шудан гирифту ночор ба табибон муроҷеъ шуд: «Ҳарорати баданам баланд шуд, сулфа мезадам. Дар хона сӯзандору гузарондем, аммо илоҷ нашуд. Фикр кардам, ки саломатӣ беҳтар аст аз куҳна кардани дард. Агар хуб шифо ёбам, бо хости Худо, соҳиби оилаи хуб ҳам мешавам…»
Ба иддаои Суҳроб Камолов, сарпизишки маркази мубориза бо бемории сил дар вилояти Хатлон, бештари ҷавонон бо андешаи беҷуфт монданашон бемории худро махфӣ нигаҳ медоранд ва дар натиҷа, ин беморашон хуруҷ намуда, табобат вақт ва маблағи зиёдеро талаб мекунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Камолов, бархе аз муассисоти пизишкӣ, бавижа дармонгоҳҳои табобати бемории сил дар вилояти Хатлон ба таъмир ва фановарии ҷадиди муолиҷавӣ ниёз доранд.
«То ин вақт мо беморхонаи замонавии сохти аврупоӣ барои беморони сил надоштем. Ҳоло беморхонаи нави вилоятии муолиҷаи сил дар ноҳияи Бохтар сохта шудааст. Ин бемористон дар масоҳати беш аз як гектар замин бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, дорои 60 кат ва фанноварии муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз аст. Фонди глобалӣ барои анҷоми ин сохтмон 1,2 миллион евро ихтисос дода буд. Умедворем, ки акнун мушкили табобату ташхиси беморони сил дар минтақа осон мешавад», - афзуд С. Камолов.
Қарор аст, ин беморхона ояндаи наздик бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ифтитоҳ ёбад. Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон, 19 дармонгоҳ ва 26 маркази ташхиси бемории сил фаъолият мекунад. Мақомот мегӯянд, ки ташхис ва табобат дар ин муассисаҳо ройгон аст.